Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Иқтибос
аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»
(Қисми 19). Дастгир кардани шахс ҳангоми мавҷуд набудани шарту асосҳои бо моддаҳои 91, 92, 94-и КМҶ пешбинишуда ё ин ки зиёда аз 3 соат бе тартиб додани протоколи дастгиркунӣ, инчунин дар ҳабс нигоҳ доштани шахс бе иҷозати суд зиёда аз ҳафтоду ду соат ва зиёда аз мўҳлати ба ҳабс гирифтан, ки аз тарафи суд иҷозат дода шудааст, ғайриқонунӣ буда, шахси мазкур бояд фавран аз ҳабс озод карда шавад. Ҳангоми мавҷуд будани қасди бевосита дар содир намудани ҳаракатҳои ғайриқонунии номбаршуда, шахси мансабдор дар асоси моддаи 358-и КҶ (ғайриқонунӣ дастгир кардан ё дар ҳабс нигоҳ доштан) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.