Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар гузориши нави Департаменти давлатии ИМА оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2023, ки рӯзи 23-юми апрел нашр гардид, Тоҷикистон барои нақзи як қатор ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла беҷазо мондани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба шиканҷа ва марги боздоштшудагон роҳ додаанд, интиқод шудааст.
Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки ҳарчанд Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони шиканҷа баъзе иқдомотеро андешида бошад ҳам, ворид гардидани маълумот дар бораи муносибати бераҳмона ва шиканҷа алайҳи боздоштшудагон ва маҳбусон идома ёфт ва фарҳанги беҷазоиву фасодкорӣ мусоидат намудааст, то дар самти тафтиши ҳаматарафа, санҷиши судӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани нафарони гунаҳгор иқдомоти амалӣ сурат нагиранд.
«Дар баъзе мавридҳо судҳо тасдиқоти гумонбаршудагон оид ба муносибати бераҳмонаро дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ, ки дар бораи ҳабси пешакӣ қарор қабул гардидааст, рад карданд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдоршавандаҳои дар ҳабси пешакӣ қарордоштаро шиканҷа кардаанд, то нишондоди худиқрорӣ ба даст оранд”,- гуфта мешавад дар гузориш.
Муаллифони гузориш аз қазияи як сокини ноҳияи Рашт ёдовар мешаванд, ки ба Радиои Озодӣ гуфта буд, кормандони пулис рӯзи 30-юми март ҳангоми бозпурсӣ писари 16-солаи ӯро латукӯб ва таҳдид кардаанд, ки агар ба гуноҳи дуздӣ иқрор нашавад, ба номусаш таҷовуз хоҳанд кард. Кормандони пулис ин иддаоро рад кардаанд. Гуфта мешавад, ки муфаттишони Прокуратураи ноҳияи Рашт дуздӣ ва ҳамчунин иддаои таҳдиди таҷовуз ба номус аз ҷониби корманди милитсия ҳангоми бозпурсии ноболиғро таҳқиқ кардаанд, вале дар охири сол аз натичаи тафтиш хабар дода нашудааст. Падари ин наврас гуфтааст, ки ӯро ба ҳукумати маҳаллӣ даъват кардаву хостаанд аризаи муқобили кормандони милитсия додаашро бозпас бигирад.
«Беҷазоӣ як мушкили ҷиддӣ ва паҳншуда дар тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ буд. Механизмҳои беғаразона ва мустақили тафтишотӣ барои мубориза бо беҷазоӣ вуҷуд надоштанд, ҳарчанд дар солҳои охир барои истифода аз шиканҷа чандин маротиба ҳукмҳои айбдоркунӣ бароварда шуда буданд. Масалан, моҳи август се афсари пулис дар шиканҷаи Абдуқаҳҳор Розиқов ҳангоми боздошташ гунаҳкор дониста шуда, ба 14 соли зиндон маҳкум шуданд»,- омадааст дар гузориш.