Додгоҳи Душанбе як "прапоршик"-ро барои латту кӯби сарбоз ҷазо дод

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе як "прапоршик"-и Вазорати дифои Тоҷикистонро бо гуноҳи латту кӯби сарбозе ҷазо додааст. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, латту кӯби сарбоз Ҷумъахон Кенҷаев аз сӯи прапоршик Талабшоҳ Қамаров 13-уми августи имсол рух додааст. Қарори додгоҳ 31-уми сентябр содир шуда, хулосаи он 15-уми ноябр дар сомонаи расмии додгоҳи шаҳри Душанбе нашр шуд.

Назари Қамаров ва вакили мудофеи ӯ дар ин бора маълум нест.

Аз Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 18-уми ноябр гуфтанд, Талабшоҳ Қамаров, ки чаҳор сол боз дар мақоми сардори хадамоти истифодабарии манзилии қисми ҳарбии 16772-и Вазорати дифоъ кор мекард, ба "ҷинояти мансабӣ" даст задааст.

Манбаъ дар шарҳи ҳодиса гуфт, Талабшоҳ Қамаров рӯзи вуқӯи ҳодиса ба хобгоҳи сарбозони ротаи тирандозии савораи М-3-80-и қисми низомӣ ворид шуда, ба навбатдор Ҷумъахон Кенҷаев "супориши ғайриоинномавӣ" додааст ва сарбоз аз амри ӯ сарпечӣ кардааст.

Дар натиҷа прапоршик бо бастаи калидҳо ба сари ӯ зада, латту кӯб намудааст. Манбаъ мегӯяд, бар асоси натиҷаи ташхиси тиббиву додгоҳӣ, Кенҷаев аз сараш ҷароҳат бардошта, зарари ӯ "сабук" мебошад. Бо қарори додгоҳ, Талабшоҳ Қамаров ба андозаи 100 нишондиҳандаи ҳисобҳо (5500 сомонӣ) ҷарима шудааст. Бо ин вуҷуд, ӯ ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайянро дорад.

Шикоят аз латту кӯби сарбозони тоҷик ҳодисаи нав набуда, борҳо тавассути расонаҳо садо додааст. Коршиносон мегӯянд, бадрафторӣ сабаб шудааст, ки баъзе ҷавонон аз хидмат дар артиш сарпечӣ мекунанд.

Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Ozodi