Ду тир ба манаҳ

Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррир - Хоҷаев Фазлиддин) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.

Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа -  26-уми июн омода карда шудааст.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст. 

Ду тир ба манаҳ

Писари солимро ба хизмати ватан равон карда, наздикон бо беқарорӣ бозгашти ӯро интизор мешаванд. Интизор мешаванд, вақте ки ӯ зиндаву саломат дар остонаи дар пайдо мегардад...

Шуҳрат Таваллоев дар деҳаи дурдасти Роштқалъа, дар Помир таваллуд шудааст. Соли 2014 ҷавони деҳотӣ пас аз хатми мактаб ба Донишкадаи политехникии шаҳри Душанбе дохил шуд.

Баҳори соли 2016 Шуҳрат таҳсилро тарк кард ва қарор дод, ки ихтиёран ба хизмат равад. Ӯро ба қисми ҳарбии Горди миллӣ, ба шаҳри Душанбе фиристоданд. Дертар ҳамхизматон гуфтаанд, ки ҳаёти сарбозии ҷавон дар фазои таҳкирҳои беохир, беадолативу зӯроварӣ, умуман, «меҳтарсолорӣ» гузаштааст. Чанд маротиба сарбоз ба волидонаш занг зад, аммо натавонист ҳама ҳақиқатро оид ба ҳаёт дар хизмат қисса намояд. Ҳамин тавр, панҷ моҳ сипарӣ гардид.

16-уми октябри соли 2016. Яке аз куҳнасарбозон се сарбози ҷавонро ба наздаш даъват намуд ва «бо мақсади тарбия» онҳоро бонавбат латукӯб кард. Шуҳрат зӯровариро таҳамммул карда натавонист ва пас аз таҳқирҳо ба манаҳи худ аз автоматаш ду маротиба тир холӣ кард. Ҷароҳатҳо вазнин, тавре мегӯянд, «номувофиқ ба ҳаёт» буданд. Сарбозро ба беморхонаи клиникавии ҷумҳуриявӣ мебаранд, ки онҷо ба ҳуш наомада, вафот мекунад. Ӯ ҳамагӣ 19 сол дошт.

Пайвандони сарбози фавтида ана ҳамин гуна қиссаро шуниданд оид ба ҳолати рухдода аз афсарон. Аммо падари Шуҳрат - Имомдод Таваллоев ба фарзияи расмии марги писараш бовар накард. Ӯ пофишорӣ намуд, то парванда аз нав баррасӣ гардаду марги сарбозро ба таври ҷиддӣ тафтиш намоянд.

Ба гуфтаи падари сарбози фавтида, ба онҳо дар аввал хабар додаанд, ки писарашон дар натиҷаи муносибати беэҳтиётона бо яроқ фавтидааст. Баъдтар прокуратураи ҳарбӣ эълон дошт, ки сарбоз латукӯб аз ҷониби ҳамхизматашро бардошт накарда, даст ба худкушӣ задааст.

«Дар аввал мо намедонистем, ки писарам ба манаҳаш ду тир холӣ кардааст. Оё чунин кор имкон дорад? Дар рӯзи ҷаноза мо дидем, ки сари писарам докапеч карда шудааст. Дар посух ба саволҳоямон намояндаҳои комиссариати ҳарбӣ моро муътакид сохтанд, ки Шуҳрат ба худ як тир кушодааст. Аммо муфаттиш ба мо аксҳоро нишон дод ва дида мешавад, ки ду тир холӣ карда шудааст. Магар одам метавонад ба манаҳи худ пайи ҳам ду тир кушояд?»,- нобоварона мегӯяд Имомдод Таваллоев.

Ба гуфтаи ӯ, Шуҳрат руҳияи боқувват дошт ва баъли латукӯб ҳам наметавонист даст ба худкушӣ занад.

Барои посух гирифтан ба саволҳои худ, падари Шуҳрат чанд маротиба ба пойтахт омад. Роҳ аз деҳаи Роштқалъа то Душанбе дурудароз, зиёда аз 500 километр тариқи роҳи куҳӣ аст. Ба замми ин, ҳама сафарҳои ӯ боз хароҷоти навбатӣ ба буҷаи оилавии бе ин ҳам нокифоя аст. Аммо Имомдод коре карда ин мушкилотро ҳал менамуд ва боз ба пойтахт «пайи ҳақиқат» раҳсипор мегардид. Баъи ҳар як чунин сафар ӯ ба хона хоболуду хаста бармегашт. Марги писар ба саломатии ӯ таъсири сахт расонида буд ва боре табибон сафарҳои дурро барояш манъ карданд.

Имомдодро ташкилотҳои  ҳифзи ҳуқуқ, ки дар мурофиаҳои судӣ аз манфиатҳояш намояндагӣ мекунанд, дастгирӣ намуданд. «Ғайр аз онҳо аз ҳоли мо касе намепурсад, касе кумак намерасонад»,- мегӯяд падари Шуҳрат.

Ва дақиқае хомӯш истода, сипас илова мекунад: «Ягона хоҳиши ман ба даст овардани адолат, аз сар гирифтани тафтишот ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон аст. Онҳо бояд тибқи тамоми паҳлуҳои қонун маҳкум шаванд. Аммо аризаи маро оид ба оғози тафтишоти такрорӣ рад карданд. Ва ин маро ҳалок месозад»…

NoTorture.Tj