Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Пандемия эълон шудани бемории сироятии Covid-19 дар ҷаҳон аҳли ҷомеаро ба ташвиш овард. Дар пайи ин Комиссар оид ба ҳуқуқҳои инсони Шӯрои Аврупо Дуня Миятович ба таври фаврӣ баромад кард.
Комиссар оид ба ҳуқуқҳои инсон боисрор аз давлатҳои аъзо даъват ба амал овард, ки:
- Ҳуқуқҳо ва саломатии тамоми шахсоне, ки дар ҳабс қарор доранд, дар замони пандемияи ҷаҳонии Covid-19 ҳифз карда шаванд;
- Тамоми чораҳои дастрасии алтернативӣ ба маҳрумият аз озодӣ, ҳар гоҳе ки ин имконпазир аст, бидуни табъиз ба кор бурда шаванд;
- Риояи ҳуқуқҳои ҳамаи онҳое, ки маҳрум аз озодӣ боқӣ мемонанд, дар замони пандемияи Covid-19 бо дарназардошти эҳтиёҷоти махсуси занон ва ноболиғони маҳбус таъмин карда шавад;
- Ҳар гуна чораҳои маҳдудсоз, ки нисбати касони дар шароити ғайриозод қарордошта қабул мегарданд, бояд зарурӣ, мутаносиб, ғайритабъизӣ, бо муҳлати маҳдуд ва шаффоф бошанд. Масалан, агар маҳдудиятҳо дар мавриди мулоқот бо хешовандону наздикон ё дигар тамосҳо бо олами беруна зарур ба назар расанд, онҳо бояд ҳатман ба усулҳои алтернативӣ, аз қабили дастрасии васеъ ба алоқаи телефонӣ ё видеоӣ иваз карда шаванд;
- Хосияти мутлақи манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳеҷ гоҳ набояд тариқи чораҳое поймол шавад, ки дар маҳбасҳо андешида мешаванд, аз ҷумла вақти ҷудогузорӣ дар асоси талаботи тиббӣ;
- Тамоми чораҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ба ҳаёт ва саломатии маҳбусон ва кормандони маҳбасҳо дар мувофиқа бо тавсияҳои Бюрои минтақавии аврупоии СҶТ бояд андешида шаванд;
- Дастрасии маҳбусон ба иттилоот, ёрии ҳуқуқӣ ва механизмҳои мустақили пешкаши арзу шикоятҳо бояд идома ёбад;
- Механизмҳои мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бояд имкони идома додани назорати вазъро дошта бошанд ва зимнан ба хотири ба хавфи иловагӣ дучор накардани одамон чораҳои эҳтиётӣ андешанд (принсипи «зарар нарасон»);
- Бояд таъҷилан нақшаи инсондӯстона ва фарогири буҳронӣ қабул ва татбиқаш оғоз гардад. Он бояд ба захираҳои кифояи инсонӣ ва молиявӣ асос ёбад, ки эҳтиёҷоти онҳоеро, ки ҷойҳои маҳрумият аз озодиро тарк мекунанд ва ё дар ин муассисаҳо мемонанд, ҳамчунин кормандони маҳбасҳоро ба инобат гирад. Инро дар ҳамкорӣ бо тарафҳои дахлдори манфиатдор дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла механизмҳои миллии пешгирӣ ва ё дигар муассисаҳои мустақили назоратбаранда, сохторҳои миллӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, ҳамчунин ташкилотҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқ анҷом бояд дод.