Эътибор

1. Ҳар кадом Давлати узв метавонад ҳамин Конвенсияро аз тариқи огоҳиномаи хаттӣ фиристодан ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид якҷониба бекор кунад. Якҷониба бекор кардан баъди гузаштани як сол пас аз огоҳинома гирифтани Котиби Генералӣ эътибор пайдо мекунад.

2. Ин гуна якҷониба бекор кардан Давлати узвро аз ӯҳдадориҳояш марбут ба ҳамин Конвенсия барои ҳар амале ё камбуде, ки то таърихи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба воқеъ гардида буд, озод намекунад, ҳамчунин якҷониба бекор кардан ба ҳар масъалае, ки баррасиаш давом дорад ва он аз тарафи Кумита то таърихи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, ба ҳеҷ ваҷҳ зиён намерасонад.

3. Баъди таърихи эътибор пайдо кардани бекоркунии якҷониба барои ягон Давлати узв, Кумита баррасии масъалаҳои навро марбут ба Давлати дахлдор оҷоз намекунад.

Моддаи 31-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NotortureTj