Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маҳсулотро бо логотипи Эътилоф - тақвимҳои деворӣ барои соли 2024 ва чатрҳо дар байни шарикон ва аҳолӣ тақсим кард.
«Тақвимҳо ба шарикон ва ташкилотҳои узви Эътилоф тақсим карда шуданд. Ҳудуди 100 чатр бо логотипи Эътилоф бошад, ба шаҳрвандон дар рафти машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ тақсим карда шуд”,- қайд карданд дар Эътилоф.
Мақсад аз паҳн кардани маҳсулот бо логотипи Эътилоф ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба фаъолияти Эътилоф ва дар маҷмуъ ба мушкилоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона тавассути ашёи барои истифодаи ҳамарӯза мувофиқ мебошад.