Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа иқдом баргузор менамояд

Дар давоми аз 16 май то 26 июни соли 2022 дар доираи иқдом доир намудани чорабиниҳои гуногуни мавзӯӣ дар пойтахт ва ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.

Аз 16 май то 26 июни соли 2022 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26 июн қайд мегардад, як иқдоми анъанавӣ баргузор хоҳад кард.

Дар давоми ин марҳила баргузор намудани чорабиниҳои мавзӯии зерин ба нақша гирифта шудааст:

  • Дар лавҳаҳои таблиғотии пойтахт ҷойгир кардани суханони президент ва дигар мансабдорони давлатӣ, ки истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро мавриди интиқод қарор медиҳанд;
  • Баргузор намудани барномаи радиоӣ дар мавзӯи “Раҳоӣ аз шиканҷа”;
  • Муаррифии китоб оиди қурбониёни шиканҷа “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда, ҷонҳои рабудашуда”, барномаи мобилии “Ман ва ҳуқуқҳои ман!” ва инчунин баргузор намудани намоиши аксҳо дар Душанбе;
  • Доир намудани озмуну викторинаҳо барои ҷавонону занон дар Душанбе ва вилояти Суғд;
  • Доир намудани онлайн-иқдомҳо дар саҳифаҳои Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
  • Ташкил намудани қабулгоҳи ҳуқуқии сайёр (чархдор): пешниҳод намудани машваратҳои ҳуқуқии инфиродӣ дар Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон.

Мақсади чорабинӣ аз баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ҷавонон мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи раҳоӣ аз шиканҷа иборат мебошад. Баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба муттаҳид гардидани талошҳо ва талабот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ташаккул додани сиёсати “таҳаммулпазирии сифрӣ” нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Дар рафти чорабиниҳо маҳсулоти аёнӣ, аз қабили “футболкаҳо”, “бейсболкаҳо”, тақвимҳои мавзӯӣ барои соли 2023 ва чатрҳо (бо нишонаи Эътилофи зидди шиканҷа ва ташкилоти донор, инчунин шиори: “Стоп пыткам и безнаказанности!”\\ “Stop torture and impunity!”\\ “Аз шиканҷа ва беҷазоӣ даст кашед!”) тақсим хоҳанд шуд.

Шумо метавонед маълумоти муфассалро бо санаҳо дар сомонаи мо: https://notorturetj.org/ ва шабакаҳои иҷтимоӣ [1], ки бо хэштегҳо оварда мешаванд, пайгирӣ намоед:

#Стоп пыткам и безнаказанности!

#Stop torture and impunity!

#Аз шиканҷа ва беҷазоӣ даст кашед!


[1] Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

NoTorture.Tj