Эътилофи зидди шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мониторинги риояи ҳуқуқи инсонро мегузаронад

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ ба мониторинги мустақили риояи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои ислоҳии кишвар шуруъ кардааст. Мониторинг дар доираи ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТсурат мегирад.

Мақсади асосии гузаронидани мониторинги мустақили ҷамъиятӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон назорат ва санҷиши риояи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии маҳкумшудагон мебошад.

Дар семоҳаи аввали соли 2024 аъзои гурӯҳи мониторингӣ аз чор муассисаи ислоҳӣ дидан намуданд. Дар ояндаи наздик боздид боз аз чор муассисаи ислоҳии дигар дар назар аст.

Мониторинги ҷамъиятӣ дар муассисаҳои ислоҳии кишвар дар доираи Стратегияи қабулшуда оид ба ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон (SDC) ва Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ) гузаронида мешавад.

NotortureTj