Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар давраи ҳисоботӣ ташкилотҳои аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро идома дода, масъалаҳои озодӣ аз шиканҷаро ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам дар амал пешбарӣ намуданд.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар пешбурди такмили қонунгузорӣ дар бораи озодӣ аз шиканҷа - ин аз моҳи июли соли 2023 мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он муқаррарот оид ба ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳолатҳои шиканҷа пешбинӣ шудааст. Тибқи муқаррароти нав, шиканҷа барои талаби ҷуброни зарари маънавӣ асос шуда, дар парвандаҳои ҷуброни зарари маънавӣ ва моддӣ дар ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон мақомоти давлатӣ (на шахсони мансабдор) ба ҳайси ҷавобгар баромад мекунанд. Ҳамин тариқ, имрӯз қонунгузории Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалии ҳимоят аз шиканҷа мувофиқат мекунад.
Яке аз рӯйдодҳои дигари мусбат 5-уми августи соли 2023 қабул шудани Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2031 ва нақшаи аввалини чорабиниҳо оид ба татбиқи он мебошад. Асоси стратегияи мазкур соли 2017 гузошта шуда, ин раванд ҳамкории зич байни гурӯҳи кории ҳукуматӣ, ки барои таҳияи он масъул аст ва ташкилотҳои аъзои Эътилофро дар бар мегирифт. Воқеан, бисёр тавсияҳои аз ҷониби аъзои Эътилоф дар рафти таҳия пешниҳодгардида ба ҳуҷҷати ниҳоӣ ворид карда шудаанд. Самтҳои стратегии стратегия аз таҳияи системаи муассири огоҳсозӣ, тафтишот, таъқиб ва ҳимоя аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин таъмини воситаҳои муассири ҷуброни зарар, аз ҷумла офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва аъзои оилаҳои онҳо иборат аст.
Дар баробари дастовардҳои асосии Эътилоф дар соли 2023 инчунин афзоиши парвандаҳои стратегиро тибқи моддаи 143, эзоҳи 1 (“Шиканҷа”) ва моддаи 316 (“Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ”)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон; афзоиши шумораи мурофиаҳоеро, ки дар онҳо ашхоси ба истифодаи шиканҷа алоқаманд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, низ метавон қайд кард. Дар давраи ҳисоботӣ нисбати 5 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи моддаи 143, эзоҳи 1 («Шиканҷа»)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ҳамаи айбдоршавандагон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун бо адо кардани ҷазо дар колонияи низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Аз соли 2004 инҷониб бори аввал Эътилоф имкон пайдо кард, ки ба муассисаҳои пӯшида барои мониторинги мустақил дастрасӣ пайдо намояд. Инчунин, Эътилоф дар таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ оид ба ислоҳоти низоми пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт.
Дар соли 2023 Эътилоф фаъолияти худро дар пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар платформаҳои гуногун, аз ҷумла Муколама оид ба ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки 14-уми декабри соли 2023 дар Душанбе баргузор шуд, идома дод. Эътилоф дар якҷоягӣ бо Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (ҲБҲИ) вобаста ба вазъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин шарту шароит дар муассисаҳои пӯшида бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон ва фароҳам овардани замина барои баррасии васеътару андешидани чораҳо баҳри беҳтарсозии вазъ брифинг омода намуд.
Эътилоф ҳамкориҳои фаъолро бо мақомоти гуногуни давлатӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ва ҷазо идома медиҳад. Аз ҷумла, гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо барои намояндагони мақомоти давлатӣ, таҳлил ва такмили қонунгузорӣ, инчунин ташкили мизи мудаввар ва конфронсҳои муштарак ба ин ҳамкориҳо дохил мешаванд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
E-mail: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117
Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk