Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл Қонун “Дар бораи баробарӣ ва аз байн бурдани ҳама гуна табъиз”-ро қабул карданд.
Дар таҳия ва қабули қонуни мазкур аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон низ саҳми худро гузоштанд. ФҶ «Нотабене», Маркази ҳуқуқи инсон ва дигар ТҒД дар таълифи намунаи ибтидоии лоиҳаи қонун фаъолона иштирок намуда, чунин мешуморанд, ки табъиз ба мисли шиканҷа амали бераҳмонаву беадолатона мебошад ва ҳуқуқ ба баробариро нақз мекунад.
Дар асоси Нақшаи миллии амалҳо оид ба татбиқи тавсияҳои давлатҳои узви Шўрои ҳуқуқи инсони СММ тибқи тартиби Шарҳи универсалии даврӣ (давраи дуюм) барои солҳои 2017-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми июни соли 2017 тасдиқ шудааст, аъзои Эътилоф ба ҳайати гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2025, инчунин таҳияи қонуни алоҳида дар бораи муборизаи ҳамаҷониба муқобили табъиз шомил гардиданд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва аз байн бурдани ҳама гуна табъиз» муқаррар гардидааст, ки давлат уҳдадор аст ҳифзи ҳуқуқҳоро кафолат диҳад ва барои аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои табъиз барномаҳо амалӣ намояд. Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон мафҳумҳое ба мисли табъиз (моддаи 1), табъизи мустақим ва ғайримустақим (моддаи 5), озори ҷинсӣ (моддаи 6), сегрегатсия (ҷудосозии маҷбурии одамон ба нажодӣ, этникӣ ва дигар гуруҳҳо дар ҳаёти ҳаррӯза - моддаи 8), муҳофизат аз оқибат (раванди иҷтимоие, ки дар он шахс қурбони ҷиноят мегардад - моддаи 10) ва ғайра ҷорӣ мешаванд.
Сиёсати навро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки ҳамзамон ба ташхиси зидди табъизи лоиҳаҳои қонунҳо машғул мешавад, дар ҳаёт татбиқ хоҳад кард. Дар баробари Ваколатдор, барои аз байн бурдани табъиз дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ ҷалб карда мешаванд.