Эътироф намудани салоҳияти Кумитаи зидди шиканҷа аз ҷониби давлатҳои аъзо

1. Мутобиқи ин модда ҳама гуна Давлати узви ин Конвенсия метавонад ҳар вақт изҳор намояд, ки он салоҳияти Кумитаро доир ба гирифтан ва баррасӣ намудани маълумоти марбут ба изҳороти як Давлати узв дар хусуси он, ки дигар Давлати узв ӯҳдадориҳои худро аз рӯи ин Конвенсия иҷро намекунад, эътироф менамояд. Чунин маълумотҳо метавонанд мутобиқи расмиёти дар ин модда баёнгардида танҳо дар сурате қабул ва баррасӣ гарданд, ки агар онҳо аз ҷониби Давлати узве пешниҳод гардида бошанд, ки он дар бораи эътироф намудани салоҳияти Кумита нисбати худ изҳорот карда бошад. Кумита маълумотҳоро аз рӯи ин мода баррасӣ намекунад, агар онҳо ба он Давлати узве дахл дошта бошанд, ки чунин изҳоротро накарда бошад. Маълумотҳое, ки мутобиқи ин мода гирифта шудаанд, мувофиқи расмиёти зерин баррасӣ мегарданд:

a) агар ягон Давлати узв чунин шуморад, ки дигар Давлати узв муқаррароти ин Конвенсияро иҷро намекунад, он гоҳ он метавонад ба тариқи мактуб ин масъаларо ба маълумоти Давлати зикргардидаи узв расонад. Дар муддати се моҳи пас аз гирифтани чунин мактуб Давлате, ки онро гирифтааст, ба Давлати ин мактубро фиристода баённома ё дигар изҳороти шарҳи ин масъаларо пешниҳод менамояд, ки дар он бояд ҳатталимкон ва ба қадри зарурӣ ишора ба расмиёти дохилӣ ва тадбирҳои андешидашуда, тадбирҳое, ки андешида хоҳанд шуд ё метавонанд доир ба ин масъала андешида шаванд, зикр гарданд;

b) агар масъала дар муддати шаш моҳи баъди аз ҷониби давлати гирандаи мактуби аввала гирифта шудани мактуб барои ҳар ду Давлати дахлдори узв қаноатбахш ҳал нагардад, ҳар яке аз ин давлатҳо ҳақ дорад дар ин бобат Кумита ва дигар давлатро огоҳ намуда, ин масъаларо ба Кумита ҳавола намояд;

с) Кумита масъалаи мутобиқи ин модда ба он ҳаволагардидаро танҳо пас аз боварӣ ҳосил кардан дар он хусус, ки тамоми тадбирҳои имконпазири дохилӣ дар ин ҳолат мутобиқи принсипҳои эътирофи умумӣ ҳуқуқи байналмилалӣ истифода гардидаанд, баррасӣ менамояд. Ин қоида дар он ҳолатҳое амал намекунад, ки истифодаи ин тадбирҳо беасос тӯл мекашад ё дар гумон аст, ки ба шахси ҷабрдида аз вайрон кардани ин Конвенсия кӯмаки самарабахш расонад;

d) ҳангоми баррасии хабарҳо тибқи ин модда Кумита ҷаласаҳои пӯшида доир менамояд;

e) бо риояи муқаррароти зербанди с) Кумита ба Давлатҳои дахлдори аъзо бо мақсади ҳалли рафиқонаи масъала дар асоси эҳтироми ӯҳдадориҳои дар ин Конвенсия пешбинигардида хизматҳои нек мерасонад. Бо ин мақсад Кумита метавонад дар мавриди зарурат комиссияи махсуси мувофиқа таъсис диҳад;

f) аз рӯи ҳама гуна масъалаи мутобиқи ин модда ба Кумита ҳаволагардида он метавонад аз Давлатҳои дахлдори аъзои дар зербанди d) зикргардида талаб намояд, ки ҳама гуна иттилооти ба ин масъала марбутбударо пешниҳод намоянд;

g) Давлатҳои дахлдори аъзои дар зербанди d) зикргардида ҳақ доранд ҳангоми баррасии масъала ба Кумита пешниҳод гарданд ва дар шакли шифоҳӣ (даҳонӣ) ва ё хаттӣ пешниҳодҳо ирсол намоянд;

h) Кумита дар муддати дувоздаҳ моҳи пас аз рӯзи гирифтани огоҳинома мутобиқи зербанди d) маълумот пешниҳод менамояд:

i) агар дар доираи муқаррароти зербанди е) мувофиқа ба даст ояд, Кумита дар маълумоти худ далелҳои мухтасар ва мувофиқаи бадастомадаро зикр менамояд;

ii) агар қарор дар доираи муқаррароти зербанди е) ба мувофиқа расонида нашавад, он гоҳ Кумита хабари худро бо баёни мухтасари далелҳо маҳдуд месозад; пешниҳодоти хаттӣ ва навиштаи баёнияҳои шифоҳӣ, ки аз тарафи Давлатҳои дахлдори аъзо пешниҳод мегарданд, ба хабар замима карда мешаванд. Аз рӯи ҳар як масъала хабар ба Давлатҳои дахлдори аъзо фиристода мешавад.

2. Муқаррароти ин модда ҳангоме, ки панҷ Давлати узви ҳамин Конвенсия мувофиқи банди 1 ҳамин модда баёния интишор медиҳанд, эътибор пайдо мекунанд. Чунин баёнияҳоро Давлатҳои аъзо барои нигоҳдорӣ ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки нусхаҳои онро ба Давлатҳои дигари аъзо ирсол менамояд, месупоранд. Баёния мумкин аст, ки ба воситаи ирсоли огоҳинома ба унвони Котиби Генералӣ ҳар лаҳза бозпас гирифта шавад. Ин гуна бозпас гирифтани баёния ба баррасии ҳар кадом масъалаи мавриди хабардиҳӣ, ки мувофиқи ин модда аллакай фиристода шудааст, набояд зарар расонад; ҳеҷ кадом хабари баъдии ҳар кадом Давлати узв тибқи ҳамин модда баъди аз тарафи Котиби Генералӣ гирифта шудани огоҳинома дар хусуси бозпас гирифтани баёния, агар Давлати дахлдори узв баёнияи нав содир накарда бошад, пазируфта нахоҳад шуд.

Моддаи 21-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NotortureTj