Фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа: натиҷаҳои се соли охир дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023

Тайи се соли охир, аз соли 2021 то соли 2023 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон корро барои ноил шудан ба ҳадафҳои асосии худ - муттаҳид кардани талошҳо ва талабот аз мақомоти давлатӣ ҷиҳати таҳияи сиёсати “таҳаммулпазирии сифрӣ” нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон ва талошҳо барои такмили қонунгузориву амалияи татбиқи ҳуқуқ дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа идома дод.

Самтҳои асосии фаъолияти Эътилоф инҳоянд:

- Мусоидат ба таъсиси системаи вокуниши муассир ба шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон.

- Пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар қонунгузорӣ ва амалия, аз ҷумла таъсиси институти мустақили экспертизаи судӣ-тиббӣ.

- Мусоидат ба таъсиси институти назорати ҷамъиятии ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ.

- Мусоидат ба такмили механизмҳои самарабахши пардохти ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо, аз ҷумла ҷуброни одилона ва мувофиқ, инчунин воситаҳои офиятбахшии пурра.

Дар давоми се соли охир Эътилоф фаъолиятҳои зеринро амалӣ намудааст:

- Рушди минбаъдаи сомонаи Эътилоф - www.notorturetj.org, ки ягона манбаи маълумоти боэътимод ва мукаммал барои ҷомеа ва гурӯҳҳои касбӣ оид ба ҳолатҳои инфиродӣ, мониторинг ва гузоришдиҳӣ оид ба вазъи озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон мебошад. Сомона ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи озодӣ аз вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон мусоидат мекунад ва ҳамчун як платформа барои табодули иттилоот байни ҳамаи субъектҳои калидӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ хизмат мерасонад.

- Идомаи расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа, гузаронидани мурофиаҳои судии стратегӣ, ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона. Ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ба Эътилоф имкон медиҳад, ки дар бораи вазъи шиканҷа дар кишвар иттилооти мустақим ба даст орад ва гузаронидани мурофиаҳои судии стратегӣ ба ташаккули таҷрибаи устувори татбиқи қонунгузорӣ ҷиҳати ҳифзи қурбониёни шиканҷа, инчунин таҷрибаи пардохти ҷубронпулӣ ба қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

- Мониторинги иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа, Кумитаи ҳуқуқи инсон ва Гузоришгари махсус оид ба масоили шиканҷа дар асоси натиҷаҳои сафарҳои ӯ ба Тоҷикистон.

- Таҳияи ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва гузоришҳои алтернативӣ ба мақомоти СММ, инчунин дар доираи муколамаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳуқуқи инсон.

- Иштироки фаъолона дар пешбурди сиёсати миллӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа: таъсиси институти мониторинги мустақили ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, татбиқи қонунгузорӣ, таҳкими механизмҳо ва тартиби ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона.

- Гузаронидани тренингҳо ва чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа барои адвокатҳои амалкунанда ва намояндагони ихтисоси ҳуқуқшиносӣ.

Ва ба натиҷаҳои зерин ноил гардид:

Аз рӯи 58 муроҷиат кумаки ҳуқуқӣ расонида шуд: 2021 - 23 муроҷиат, 2022 - 19 муроҷиат, 2023 - 16 муроҷиат. 53 шикоят ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дахл дошт: (2021 - 21, 2022 - 17, 2023 - 15). Нисбати Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ 1 (2021), нисбати кормандони Хадамоти гумрук 1 (2021) ва 3 шикоят нисбати кормандони КДАМ (2022, 2023) ворид шуд.

Барои офиятбахшӣ 51 нафар қабул карда шуданд: 2021 - 14 нафар, 2022 - 16 нафар, 2023 - 21 нафар. Дар байни онҳо ҳам мардону занон ва ҳам ноболиғон ҳастанд.

Гурӯҳи расонаӣ ҳудуди 1256 маводро дар мавзӯи шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр кард: 2021 - 703 мавод, 2022 - 545 мавод, 2023 - 8 мавод.

Корҳои зиёде аз ҷониби Гурӯҳи таҳлилӣ, Гурӯҳи мониторинги ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ ва дар доираи татбиқи Принсипҳои Истамбулӣ оид ба тафтиши самараноки тиббӣ, ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон анҷом дода шуданд.

Бо натиҷаҳои фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон инҷо метавон шинос шуд:

Дар соли 2021: https://notorturetj.org/activities/rezultaty-deyatelnosti-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-protiv-pytok-i-1

Дар соли 2022: https://notorturetj.org/activities/rezultaty-deyatelnosti-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-protiv-pytok-i-2

Дар соли 2023: https://notorturetj.org/activities/rezultaty-deyatelnosti-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-protiv-pytok-i-3

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

E-mail: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117

Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

NotortureTj