Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар вохӯрии солонаи Эътилоф роҳбари маркази таҳлилии Эътилоф ФҶ «Нотабене» интихоб карда шуд. Моҳи марти соли 2017 нақшаи кории Марказ омода гардид, ки бо аъзои Эътилоф мувофиқа карда шуда буд.
Эътилоф барои пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тариқи гузаронидани вохӯриҳо бо коршиносон ва намояндагони ҳайатҳои байналмилаливу байниҳукуматӣ, омодасозии гузоришҳои таҳлилӣ ва пешниҳоди тавсияҳои худ фаъолияти самаранок дорад.
Моҳҳои январ - феврали соли 2017 як қатор баҳсу баррасиҳои мавзуии даври дуюми ГДУ сурат гирифт. Ин яке аз қисмҳои зиёд баҳснок буд, ки дар он зиёда аз 40 нафар - намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок карданд. Дар баҳсҳои мавзуӣ иштирокчиён пешниҳод доштанд, то чорабиние ташкил карда шавад, ки барои иҷрои тавсияҳо дар мавриди ГДУ кӯмак расонида тавонад ва дар Нақшаи миллии иҷрои тавсияҳои ГДУ ворид намуданаш низ имконпазир бошад.
Баъд аз як қатор баҳсу баррасиҳои мавзуӣ лоиҳаи Нақшаи миллии иҷрои тавсияҳои даври дуюми ГДУ омода карда шуда, барои тавсияҳои хаттӣ додан ба ҳар як банди нақша ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ирсол гардид. Аз ҷониби Эътилоф тавсияҳои хаттӣ ба бандҳои Нақшаи миллӣ пешниҳод карда шуд.
7-уми июни соли 2017 Нақшаи миллӣ аз ҷониби Президенти ҶТ тасдиқ шуд. Тавсияҳои Эътилоф дар матни ниҳоии Нақшаи миллӣ ворид карда шуданд.
Дар сессияи моҳи ноябри соли 2017 Кумитаи зидди шиканҷа рӯйхати масъалаҳоро оид ба гузориши сеюми даврии Тоҷикистон дар бораи раванди тадбиқи Конвкенсия оид ба шиканҷа қабул кард. Аз ҷониби Эътилоф мониторинги иҷроиши тавсияҳои КЗШ гузаронида шуд: шарҳи қонунгузорӣ ва мониторингҳо.
Дар соли 2018 баррасии гузориши даврии сеюми Тоҷикистон дар бораи тадбиқи Конвенсия оид ба шиканҷа ба нақша гирифта шудааст. Моҳи сентябри соли 2017 Фонди ҷамъиятии «Нотабене» дар якҷоягӣ бо Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои омодасозии гузориши ТҒД ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ корро оғоз намуд.
Ҳамасола пеш аз муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи инсон вохӯрии ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат мегирад. Дар вохӯриҳо аъзои Эътилоф масъалаҳои муҳими вобаста ба озодӣ аз шиканҷаро пеш мегузоранд, ки баъдан онҳо мавзуи баҳсу баррасиҳо дар доираи муколамаҳои расмӣ оид ба ҳуқуқи инсон мегарданд.
13-уми октябри соли 2017 даври нуҳуми муколама гузаронида шуд. Аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Нотабене» дар якҷоягӣ бо Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон оид ба вазъи шиканҷа дар кишвар, аз ҷумла ҳолатҳои фардӣ ва тавсияҳои мушаххас барои ҳукумати Тоҷикистон ҳуҷҷати таҳлилӣ омода карда шуд.
Аъзои Эътилоф дар вохӯрии САҲА оид ба ченаки инсонӣ, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Варшава баргузор гардид, иштирок карданд. Дар якҷоягӣ бо Эътилофи зидди шиканҷаи Қазоқистон ва Эътилофи зидди шиканҷаи Қирғизистон ҳуҷҷате омода карда шуд, ки ба он масъалаҳои асосӣ ва тавсияҳои калидӣ вобаста ба масоили озодӣ аз шиканҷа дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ворид гардиданд.