Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вазъи иҷрои тавсияҳои мақомоти шартномавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, тартиботи махсус ва Гузориши даврии универсалӣ оид ба масоили шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ки аз соли 2010 пешниҳод шуда буданд, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст? Дар нашри қаблӣ ҳуқуқшиносони ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» вазъи иҷрои тавсияҳои марбут ба омор ва таърифи «шиканҷа»-ро шарҳ дода буданд.
Дар ин матлаб ҳуқуқшиносон масоили вобаста ба иҷрои тавсияҳо оид ба дастраси умум будани маълумот аз рўйи шумора, ҷойи қарордошта ва ҷойгиршавии муассисаҳои пенитенсиариву нафарони дар онҳо ҷойгиршуда, омори вобаста ба фавту бемориҳо, инчунин ҷудо кардани воситаҳои молиявӣ барои беҳсозии нигоҳдории маҳбусонро шарҳ медиҳанд.
Шакли пурраи матлабро инҷо дидан мумкин аст: http://constuction.tilda.ws/recommendationsoftheuncommitteeagainsttorture_2
ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»