Фармондеҳи взводи қаровули фахрии Вазорати мудофиа ба сари сарбоз дос бардошт

Лейтинант сарбозро барои рад кардани алафдаравӣ бо пушти дос зарба задааст.

Фармондеҳи взводи қаровули фахрии яке аз қисмҳои низомии воқеъ дар пойтахти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ лейтенант Комрон Саидамадов дар баромадан аз ҳадди вколатҳои худ гунаҳкор дониста шудааст.

Охири моҳи апрели соли равон лейтенант ба ду сарбози взводи зертобеъаш супориш додааст, ки алафи назди майдони сафороиро дараванд.

“Яке аз сарбозон, ки ба алаф реаксияи ғайритабиӣ (аллергия) доштааст, иҷрои супоришро рад намуда, аз сараш зарба мехӯрад, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбии гарнизони Душанбе. - Ташхис аз рӯйи ин далел нишон дод, ки сарбоз ҷароҳати сабук бардоштааст”.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе Комрон Саидамадовро дар содир намудани ҷиноят бо аломатҳои моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият) гунаҳкор донист.

Бо ҳукми суд муддати як сол 15% аз музди меҳнати афсари гунаҳкор ба даромади давлат гузаронида мешавад.

Комрон Саидамадов моҳи ноябри соли 2017 бо фармони вазири мудофаи Тоҷикистон фармондеҳи взводи қаровули фахрӣ таъин шуда буд.

 

Asia-Plus