ГКҲ: бисёр қурбониёни шиканҷа аз то ба охир ҷўё шудани адолат даст мекашанд

Фаъолияти Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши самаранок ба муроҷиатҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар самти расонидани кумаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст.

Дар 6 моҳи соли 2020 ГКҲ фаъолияташро дар самти ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва муносибати бераҳмона идома дода, машварату кумаки ҳуқуқӣ пешниҳод намуд ва мониторинги мурофиаҳоли судиро амалӣ сохт. Дар якҷоягӣ бо Гуруҳи таҳлилӣ аз болои ҳуҷҷатҳо ба сохторҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон кор бурд. Дар якҷоягӣ бо гуруҳи расонаӣ фаъолияти омодасозии матолиби иттилоотиву омўзишӣ ва маълумотномаҳо оид ба парвандаҳои алоҳида, қонунгузорӣ ва таҷрибаи истифодаи шиканҷаву муносибати бераҳмонаро амалӣ намуд.

Кормандони ГКҲ дар шароитҳои пандемия низ корро идома доданд. Аммо муроҷиатҳои омодашуда оид ба ҷиноятҳо дар Прокуратураи генералӣ ба таври лозимӣ, тибқи меъёрҳои мурофиавии бо қонунгузории миллӣ пешбинигардида ба қайд гирифта намешаванд, ки ба гузаштани муҳлатҳои мурофиавӣ оварда мерасонад. Сомонаҳои электронӣ самаранок нестанд ва барои пешниҳод намудани муроҷиатномаҳои электронӣ имконият намедиҳанд.

Адвокатҳо аз дастрасӣ ба зерҳимояҳои худ маҳруманд, маъмурияти СИЗО иҷозатномаи ҳатмии хаттии муфаттиш ё судяҳоро талаб мекунад. Бо сабаби ҳолати эпидемиологӣ, ҳатто бо вуҷуди мавҷуд будани муроҷиатномаи хаттӣ, СРИҶҶ ВА мулоқоти адвокатҳоро бо зерҳимояҳояшон манъ кард.

Дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони ГКҲ бо мушкилоте аз қабили даст кашидани қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо аз шикояти дигарбора нисбати амалҳои ѓайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рў ба рў шуданд. Дар натиҷаи чунин радсозиҳо, кори анҷомдодаи мутахассис то ба охир расонида намешавад, ки дар умум, ба самаранокии нишондодҳо дар фаъолияти ГКҲ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар давраи аз 1-уми январ то 30-юми июни соли 2020 аз ҷониби котиботи Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои узви Эътилоф 25 муроҷиат оид ба масоили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки аз онҳо 6 адад нисбати занон (миёни онҳо як нафар зан қурбонии озори ҷинсӣ дар ҷои кор аст) мебошад. Аз рўи 11 парвандаи солҳои гузашта кор идома ёфт.

Шиканҷаҳо ва муносибатҳои бераҳмона бо мақсади ба даст овардани нишондодҳои худиқрорӣ, ҷазо барои содир намудани амалҳои муайян ё ба сифати чораҳои пешгирӣ ва паст задани шаъну шараф истифода шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа нисбати мақомоти давлатии зерин ворид гардидаанд: ВКД - 19, КДАМ - 1, СРИҶҶ - 2, Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - 1, Вазорати мудофиа - 1. Инчунин, як муроҷиат аз қурбонии озори ҷинсӣ дар ҷои кор (ширкати хусусӣ) ворид шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 58 машварат расонида шуда, 26 вохўрӣ бо адвокатҳо ва 17 роҳнамоӣ ба мақомоти гуногуни давлатӣ амалӣ гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз рўйи чор парванда 6 мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шуд.

Маълумоти муфассалтарро оид ба фаъолияти ГКҲ метавонед дар торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org мутолиа намоед.

NoTorture.Tj