Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳамсуҳбати мо - роҳбари Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова аст. Мо аз эшон фаҳмидем, ки дар оғози пандемия барои ҳуқуқшиносону адвокатҳои ГКҲ дар чи хел шароитҳо кор кардан зарур омад, бо кадом монеаҳо дучор гардиданд ва барои чӣ шаҳрвандон оид ба далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона кам муроҷиат мекардагӣ шуданд.
- Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ яке аз гуруҳҳои калидии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст. Дар давраи пандемияи коронавирус барои ГКҲ дар чи гуна шароитҳо кор кардан лозим меояд?
- Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ фаъолияташро дар самти ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва муносибати бераҳмона идома медиҳад, машварат ва кумаки ҳуқуқӣ мерасонад, мониторинги мурофиаҳои судиро амалӣ месозад. Дар якҷоягӣ бо Гуруҳи таҳлилӣ аз болои ҳуҷҷатҳо ба мақомоти байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон кор мекунад. Якҷоя бо Гуруҳи расонаӣ фаъолият дар самти омода намудани матолиби иттилоотиву таълимӣ ва хабарҳо оид ба парвандаҳои алоҳида, қонунгузорӣ ва таҷрибаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро амалӣ месозад.
Дар марҳилаи аввали пандемия кормандони ГКҲ-ро зарур омад, ки ба кори фосилавӣ гузаранд ва баъдан рӯйхати навбатдорӣ барқарор карда шуду мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузорӣ корашонро тибқи нақша идома доданд. Кор ба таври онлайн пеш бурда шуд, қурбониён ва намояндагонашон тариқи телефон машварат гирифтанд, дар ҳолатҳои зарурӣ қабули шаҳрвандон бо риояи чораҳои бехатарӣ сурат гирифт.
- То ҷое медонем, ба ГКҲ муроҷиатҳо оид ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, аз ҷумла аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ низ ворид мешаванд. Дар ин самт дар шароити роҳандозии чораҳои маҳдудсозанда чи гуна мушкилоту монеаҳо мушоҳида карда шуданд?
- Сарфи назар аз он, ки дар кишвар дар шакли канорагирии шаҳрвандон карантин эълон нашуда буд, аз моҳи апрел то имрӯз шумораи муроҷиати шаҳрвандон коҳиш ёфт. Зеро, шаҳрвандон чораҳои бехатариро риоя карданд, аз ҷумла ҳузурашонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ маҳдуд намуданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ дар бораи тағйир ёфтани низоми кор бо сабаби пандемия эълоне надоштанд, вале маҳдудиятҳои муайян вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон ба мушоҳида расиданд. Дар Тоҷикистон амалисозии консепсияи ҳукумати электронӣ заиф аст, сомонаҳои мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ қисман кор намекунанд ё танҳо вазифаи иттилоотӣ доранд ва аз ҳамин лиҳоз, дастрасӣ ба хизматрасониҳои электронӣ дар кишвар мавҷуд нест.
Инчунин, интернет бо арзиши баланду суръати пасти худ наметавонад хизматрасониҳои давлатиро ба шаҳрвандон таъмин намояд. Барои ҳамин, судҳо, прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ дар шароити пандемия ҳуқуқи шаҳрвандонро ба муроҷиат зиёд нақз карданд, чун зуд қабули бевоситаи шаҳрвандон, бақайдгирии шикоятҳо, муроҷиатҳову аризаҳоро маҳдуд намуданд. Қабули аризаву шикоятҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аломати мувофиқ тасдиқ намешуд, ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ бо таъхири назаррас расонида мешуданд, дастрасии адвокатҳо ба зерҳимояҳояшон тез маҳдуд гардид.
Дар робита ба вазъи эпидемиологӣ баррасии парвандаҳои гражданӣ дар судҳо то муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд, ба ғайр аз парвандаҳои ҷиноятие, ки тибқи онҳо нисбати судшавандаҳо чораи пешгирӣ дар шакли нигоҳдорӣ дар ҳабс қабул гардида буд, ки ба муҳлати баррасии даъвоҳо вобаста ба ҷуброн дар судҳо таъсири зиёд расонид.
Мутахассисони ГКҲ бо мушкилоте аз қабили даст кашидани қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо аз шикояти навбатӣ нисбати амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯ ба рӯ гаштанд. Дар натиҷаи чунин радсозӣ кори иҷрокардаи мутахассис то охир бурда намешавад, ки метавонад дар умум ба самаранокии нишондодҳо дар фаъолияти ГКҲ таъсири манфӣ расонад.
- Дар ин давраи ғайриоддӣ оё адвокатҳои ГКҲ ба ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дастрасӣ доранд?
- Дар давраи авҷи пандемия дастрасии адвокатҳо ба зерҳимояҳояшон маҳдуд шуда буд. Асосан маъмурияти СИЗО иҷозатномаи ҳатмии хаттии муфаттиш ё судро талаб мекунад. Аммо бо сабаби вазъи эпидемиологӣ дар кишвар, ҳатто дар сурати мавҷудияти иҷозатномаи хаттӣ СРИҶҶ-и Вазорати адлия мулоқоти адвокатҳоро бо зерҳимояҳояшон манъ кард.
Дархости адвокатҳо дар бораи дастрас кардани сабтҳо аз видеокамераҳои назоратӣ, маълумотҳо аз корти тиббии айбдоршаванда ва иттилоъ оид ба қайдҳо дар дафтари боздоштшудагон дар рафти баррасиҳои судӣ нодида гирифта мешаванд ва қисман баъд аз он, ки қонеъ гардиданашон рад карда мешавад, «кушода» мемонанд.
Аз моҳи июл вазъият каме тағйир ёфт. Адвокатҳо акнун ба зерҳимояҳояшон дастрасӣ пайдо карданд, аммо чорабиниҳои тафтишотӣ дар шакли маҳдуд мегузаранд.