Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
"Вақте гуноҳи гуфтаашонро ба гардан нагирифтам, маро дар бехи девор шинонданд. Яке аз кормандони пулис пояшро дар байни ду пойи ман гузошт ва ба ҳамкораш гуфт, ки инро "Мерседес" мекунем. Мисли "педал"-и "Мерседес" узви таносули маро бо пойҳояш пахш кард. Вақте иқрор нашудам, аз қафо, аз миён ва аз поён бо сӯзан заданд. Баъди он..."
Ин нақли Шаҳбоз Аҳмадов, як сокини ноҳияи Ёвон, аст, ки кормандони пулиси ин ноҳияро ба шиканҷа айбдор кардааст. Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон ба ин қазия дахолат кард ва дастур дод, ки парванда дубора санҷида шавад.
Қаблан додситонии ноҳияи Ёвон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи кормандони пулис худдорӣ карда буд.
Шаҳбоз Аҳмадов, сокини 26-солаи ноҳияи Ёвон мегӯяд, шиканҷаи ӯ дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳия чаҳор рӯз идома кард. Ӯ гуфт, билохира тоб наовард ва "гуноҳи накардаро бар дӯш гирифт".
Ба нақли Аҳмадов, кормандони пулис аз ӯ талаб мекарданд, ҳамла ба як сокини ин ноҳияро дар назди Қасри фарҳанг, ки бо корд захмӣ шуда буд, бар дӯш бигирад. Шаҳбоз Аҳмадовро 16-уми июл боздошт карданд ва ӯ рӯзи 20-уми июл, баъди ба даст афтидани ҷинояткори воқеӣ, озод шуд.
Ин сокини ноҳияи Ёвон мегӯяд, танҳо дар зери шиканҷаи гӯшношунид маҷбур шуд, ба хотири халосии ҷонаш гуноҳи нокардаро ба дӯш гирад.
“Баъди онки бо роҳи сӯзанзанӣ ва “Мерседес” гуноҳро ба гардан нагирифтам, кормандони милиса гуфтанд, ки танҳо як роҳ аст: Қувваи барқ. Онҳо маро ба шикам хобониданд ва ноқилро ба ангуштонам пайваст карданд. Як латтаи фаршшӯиро оварда, сарамро маҳкам бастанд ва бо «скотч» маҳкам карданд. Аз қувваи барқ такон хӯрдам, аммо боз ҳам бо ишораи сар гуфтам, ки гуноҳ надорам. Шиддати барқро баландтар карданд ва боз ҳам не гуфтам. Аммо бори сеюм шиддати барқ ба андозае буд, ки ду-се дақиқа такон хӯрдам. Гиря кардам, ҷонам ширинӣ кард, маҷбур шудам ва бо ишораи сар гуфтам, ки ба гардан мегирам. Боз ба миёнам бо лагад заданд, ки ё ба гардан мегирӣ ё "петух" (манзур таҷовуз)-ат мекунем”, - гуфт Аҳмадов.
Шаҳбоз Аҳмадов мегӯяд, баъди ин қадар шиканҷа ҳатто вақте об хост, ӯро таҳқир карданд.
Таҳқиқи қазияи латту кӯби Шаҳбоз Аҳмадовро феълан Додситонии вилояти Хатлон бар дӯш дорад. Ин ниҳод бояд иттиҳоми зидди кормандони пулисро таҳқиқ кунад.
Таҳқиқи қазияи Шаҳбоз Аҳмадов дар ҳоле дубора шуруъ шуд, ки худи ӯ мегӯяд, ин ҳама бало ба хотири қабул накардани ҳамкорӣ бо пулис буд. Шаҳбоз Аҳмадов боркашон аст ва мегӯяд, се рӯз пеш аз боздошт кормандони пулис дар назди ҳамкорон аз ӯ талаб кардаанд, бо онҳо ҳамкорӣ кунад ва дар бораи нашъаҷаллобон хабар диҳад. Аҳмадов мегӯяд, ӯ ин ҳамкориро рад кард, зеро дар ҳузури ҳамаи ҳамкорон пешниҳод шуд ва имкон дошт номаш ба хабаркашӣ барояд ва дӯстон рӯй гардонанд.
Ин сокини Ёвон афзуд, ҳамроҳи падараш, ки 30 сол дар сохтори пулис кордааст, аз рӯи рафтори ду афсар ба раҳбарони онҳо шикоят бурданд. “Вақте ҳамроҳи падарам ба милисахона рафта, шикоят кардем сардорашон ин милисаро сарзаниш кард. Ҳамон рӯз дар ошёнаи якуми идораи милиса будам, ки ин пулис давида омада гуфт, ки агар дар се рӯз туро “подставит”, яъне зери зарба намонам, намемонам. Баъди се рӯзи гуфтааш ман боздошт шудам”, - гуфт ин сокини Ёвон.
Шаҳбоз Аҳмадов ҳамчунин гуфт, дар пурсиши аввал ба додситонӣ гуфт, шиканҷа шудааст ва гуноҳро зери зарбу лат бар дӯш гирифт. Ба бахти Аҳмадов, шоҳид ва ҷабрдидаи ҳодиса ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ карданд. Аҳмадов умед дорад, ки ходимони пулиси ноҳияи Ёвон барои шиканҷаи ҷисмониву равониаш посух мегӯянд.
Қазияи Шаҳбоз Аҳмадовро Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ пайгирӣ дорад. Масъулини Эътилофи зидди шиканҷа мегӯянд, эътирофи Шаҳбоз Аҳмадов дар зери шиканҷа ба ҷиноятҳои моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ ё барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ мувофиқ меояд. Ин модда аз 5 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Зимнан мақомоти пулиси ноҳияи Ёвон, ки кормандонаш дар шиканҷаи Аҳмадов гумонбар мешаванд, то ҳол дар ин бора расман шарҳе надодаанд. Рӯзи 26-уми сентябр, вақте хабарнигори Радиои Озодӣ ба идораи пулис барои гирифтани назарашон муроҷиат кард, касе ба ӯ расман посух надод. Танҳо як масъули ин идора бидуни зикри номаш гуфт, “агар мардумро каме тела дода ба берун баро гӯӣ, даррав шикоят мекунанд, ки моро шиканҷа карданд.”
Бори аввал нест, ки шаҳрвандон дар Тоҷикистон дар зери шиканҷа гуноҳи накардаро ба гардан мегиранд. Пеш аз ин, Ҳасан Ёдгоров, сокини 34-солаи шаҳри Турсунзода ҳам куштори як марди русро ба гардан гирифта буд. Аммо баъди нуҳ моҳ маълум шуд, ки ӯ дар ин ҷиноят даст надорад.
Мақомот он замон эътирофи Ҳасан Ёдгоровро “худиқрорӣ” унвон карда, ҳамчунин эълон намуданд, ки барои эълони айб далелҳои кофӣ доранд.
Ёдгоров бо ин иттиҳом аз моҳи ноябри соли гузашта то охири моҳи июн дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешуд ва қарор буд дар фурсати баъдӣ дар додгоҳ ҳозир шавад.
Вале пас аз нуҳ моҳ мақомот қотили аслии Дмитрий Каримовро пайдо карданд ва Ҳасан Ёдгоров аз ҳабс озод шуд. Ҳасан Ёдгоров, ки ҳоло аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо шудааст, дар сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, аз озод шуданаш хушҳол аст ва “ҳеҷ даъвою гапи гуфтанӣ надорад”.
Шиканҷа дар Тоҷикистон аз мушкилиҳои аслӣ дар кори мақомоти интизомӣ гуфта мешавад. Бархеҳо ҳам мегӯянд, “зери шиканҷа ва барқ баъзан куштори Ленинро ҳам бар гардан мегирӣ.”
Шикоят аз рӯи қазияҳои шиканҷа умдатан натиҷа намедиҳад ва ба истиснои як ду маврид корманди ниҳодҳои интизомӣ бюеҷазо мемонанд. Қонунҳои Тоҷикистон барои дар ҳабс нигоҳ доштани шахси бегуноҳ ҷубронпулӣ муайян кардааст ва нафарони озодшуда аз шубҳаву гумон ҳақ доранд барои ҷуброн шудани хисороти маънавиву равонии худ ҳақ талаб кунанд.