Гумонбарии сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Исфара ба истифодаи шиканҷа

Гумонбарии сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Исфара ба истифодаи шиканҷа

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ оид ба далели истифодаи шиканҷа аз ҷониби корманди мақомоти интизомӣ парвандаи навбатии ҷиноӣ боз шуда, вале гумонбар то ҳанӯз ба кори худ идома медиҳад.

Сокини Исфара Руқия Ҳайдарова дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки писараш аз амали кормандони милиса ҷабр дида, аз рӯи ин далел нисбати сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Исфара Азизулло Азимов мутобиқи моддаи 143, қ. 2-и КҶ ҶТ (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар суҳбати телефонӣ ин зан зикр кард, ки писараш Акмал Музаффаров шоми рӯзи 17-уми декабр аз хона баромада, рӯзи дигар ӯро дӯстонаш бо пойи гачбаставу (гипсшуда) лату кӯбшуда ба хона овардаанд.

Баъдтар маълум шудааст, ки сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Исфара Азизулло Азимов ҳамроҳи ду нафар шаҳрвандони қаторӣ автомашинаи ӯро боздошт намуда, ба шуъбаи милиса мебаранд. Дар он ҷо ба ӯ маҷбуран 200 грамм арақ нӯшонида, боз маҷбур мекунанд, ки протоколро ба имзо расонад. Рӯзи дигар ӯро ҷавоб дода, огоҳ месозанд, ки дар ин хусус ба ҳеҷ касе даҳон накушояд.

Ба қавли модари ҷабрдида, онҳо худи ҳамон рӯз бо хулосаи судиву тиббӣ дар бораи мавриди лату кӯб қарор гирифтан ва ҷой доштани осори он дар баданаш ба прокуратураи вилояти Суғд муроҷиат кардаанд ва парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Акмал Музаффаров ҷабрдида эътироф шудааст.

Зан аз мавриди боздошт қарор нагирифтани Азизуло Азимов ва аз ҷониби ӯву зертобеъонаш доимо мавриди фишор қарор доштанашон оид ба бозпас гирифтани аризаашон изҳори нигаронӣ мекунад. «Ман аз амнияти оила ва писарам нигаронам», - мегӯяд ӯ.

Ҳомии ҳуқуқ Сергей Романов дар робита ба шарҳи ин қазия изҳор намуд, ки мувофиқи қонунгузорӣ, дар сурати ба ҷабрдида, шоҳид ё дигар иштирокчиёни парванда ва аъзои оилаи онҳо ҷой доштани фишору таҳдид, ҷиҳати ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва амволи онҳо бояд тадбирҳо андешида шаванд ва аз ин рӯ, ҷабрдида бояд ба муфаттиши парванда дар ин бора муроҷиат намояд.

Наргис Ҳамробоева, "Азия-Плюс"

 

Як маъмури пулис дар Исфара ба шиканҷа муттаҳам шуд

Додситонии вилояти Суғд алайҳи як корманди аршади пулис дар Исфара ба иттиҳоми шиканҷа алайҳи як сокини ин шаҳр парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тавре як масъули ин ниҳод мегӯяд, дар соли ҷорӣ ин аввалин бор аст, ки мақомҳои додситонӣ дар Суғд алайҳи як маъмури пулис ба иттиҳоми шиканҷа парванда боз мекунанд.

Мансур Нодиров, додситони шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳои Додситонии вилояти Суғд, рӯзи сешанбеи 29-уми январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ин парванда идома дорад.

Оқои Нодиров афзуд: "Парвандаи ҷиноятӣ рӯзи 18-уми январи соли равон алайҳи Азизуллоҳ Азимов, корманди умури дохилаи шаҳри Исфара боз шуд ва аз сӯйи муфаттиши шӯъбаи бозрасаии парвандаҳои ҷиноии ин додситонӣ таҳқиқ идома дорад. Таҳқиқи ин парванда таҳти раҳбарии муфаттиш (бозрас) Садриддин Дӯстов анҷом мешавад".

Оқои Нодиров мегӯяд, ки иттиҳоми ворида алайҳи ин корманди пулиси Исфара эъмоли шиканҷа аст ва ӯ афзуд, ки то замони анҷоми таҳқиқ наметавонад иттилои бештаре диҳад. Аммо ӯ гуфт, ки ин нахустин парванда дар робита бо шиканҷа дар ниҳоди онҳо дар соли ҷорӣ аст.

Садриддин Дӯстов, бозраси ин парванда, мегӯяд, ки таҳқиқи парвандаи оқои Азимов бар асоси қисми г-и моддаи 143-и қонуни ҷазои Тоҷикистон анҷом мегирад.

Ин парвандаи ҷиноӣ ба дунболи шикояти Руқия Ҳайдарова, модари ҷавоне, ки худро қурбонии шиканҷаи корманди пулис медонад, боз шудааст.

Гуфта мешавад, Акмал Музаффаров, писари хонум Ҳайдарова дар моҳи декабри соли гузашта аз сӯйи маъмурони пулиси шаҳри Исфара боздошт шуда, як рӯзро дар бинои пулис гузарондааст.

Хонум Ҳайдарова мегӯяд, ки мавориди шиканҷаи боздоштиён аз сӯйи кормандони пулис дар шаҳри Исфара зиёд ба чашм мерасад: "Бисёриҳо аз тарси ҷонашон аз бурдани шикоят ба мақомоти давлатӣ ва кормандони ниҳодҳои интизомӣ даст мекашанд. Аммо ман, ки худам ҳуқуқдон ҳастам ва ҳуқуқи худро хуб медонам, писарамро аз дасташ гирифта ва ба додситонии вилоят овардам".

Вай мегӯяд: "Азизуллоҳ ва Ёқубов писарамро тарсондаанд, ки агар ба касе даҳон кушоӣ, рӯзатро мебинӣ. Аз ин рӯ, писарам намехост, ки шикоят кунад. Ин кормандон писарамро ба мастӣ ва итоат накардан аз кормандони интизомӣ муттаҳам карда, аз ӯ ҳудуди се ҳазор доллар пул гирифтаанд. Баъд аз оғози таҳқиқ онҳо пулҳоро ба мо бозгардонданд".

Хонум Ҳайдарова мегӯяд, ки дар натиҷаи шиканҷа алайҳи фарзандаш, пойи Акмал шикаста ва ҳамчунин нишонаҳои дигаре аз зарбу лати пулис дар баданаш мушоҳида мешавад. Онҳо ҳамон замон мадорики вижаи пизишкиро низ дар ин маврид дарёфт карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони марокизи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар вилояти Суғд мегӯянд, ки ахиран дар миёни сокинони ин вилоят мавориди бурдани шикоят ба мақомоти давлатӣ ва марокизи мудофеъи ҳуқуқи башар аз шиканҷа ва озору азияти пулис афзоиш ёфтааст.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки баъд аз пофишориҳои зиёди мудофеъони ҳуқуқи башар ва интиқоди созмонҳои байналмилалӣ ва ислоҳи қонуни кайфарӣ, ки моддаи марбут ба шиканҷа ба он изофа шуд, мавориди расидагӣ ба шиканҷа тавассути кормандони пулис дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Аз сӯйи дигар, Хуан Мендез, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури шиканҷа, дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта гуфта буд, ки дар Тоҷикистон аз замони боздошт то муҳокимаи додгоҳӣ афроди мазнун мавриди шиканҷа қарор мегиранд.

BBC