Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ: 24 муроҷиат оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар як сол

Дар давраи ҳисоботӣ Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ (ГКҲ) 24 муроҷиат оид ба масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ҳуҷҷатгузорӣ кард, ки 5 адади онҳо аз ҷониби занҳост.

Муроҷиаткунандагон асосан ба нақзи ҳуқуқи инсон дар давраи боздошт ва гузаронидани тафтишот, ба монанди боздоштҳои ғайриқонуниву худсарона, латукӯб, пайвастан ба ҷараёни барқ, таҳдиди таҷовузи худи қурбонӣ ва/ё аъзои оила, тарсонидан аз ҳабс ва ғайра ишора кардаанд.

Шиканҷаҳо ва муносибати бераҳмона бо мақсади ба даст овардани нишондоди худиқрорӣ, ҷазо барои содири амалҳои муайян ё ба сифати чораҳои хомӯшиву паст задани шаъну эътибори шахсӣ истифода шудаанд. Қурбониён аслан аз 22 то 60-солаанд. Бештари шикоятҳо дар мавриди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона (21 адад) нисбати мақомоти корҳои дохилӣ ворид шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ГКҲ дар фаъолияти худ равандҳои мусбатро ба қайд гирифт. Ҳамин тавр, Суди Олӣ 17-уми июни соли 2021 нисбати собиқ кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла шиканҷаи сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоров (кейси Эътилоф) гунаҳгор дониста мешаванд, аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ ҳукми айбдоркунӣ баровард.

Ҳасан Ёдгоров соли 2017 бо иттиҳоми куштор шаш моҳ дар тавқифгоҳ қарор дошт ва пас аз боздошти қотили аслӣ раҳо шуд. Вай ба шиканҷа дар шуъбаи милиса тоб наоварда, ба нишондоди худиқрорӣ имзо гузошта буд.

Ш. Азизов - муфаттиши калони шуъбаи фаврии корҳои дохилии «Пахтаобод»-и шаҳри Турсунзода, С. Давлатмуродзода - ваколатдори калони фаврии кофтукови ҷиноятии ШВКД дар шаҳри Турсунзода, Э. Наимов - ваколатдори калони фаврӣ оид ба парвандаҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ мутобиқи моддаи 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Таҷрибаи пешниҳоди дархостҳо оид ба ҷуброни зарари маънавӣ ба зинаҳои гуногуни судӣ идома дорад. Аз ҷумла, моҳи марти соли 2021 Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро барои пардохти ҷуброн ба манфиати ҳамсару фарзандони сокини ноҳияи Ашт Комил Хоҷаназаров (кейси Эътилоф), ки пас аз шиканҷаи ин мақомот даст ба худкушӣ зад, уҳдадор намуд. Қарори суд иҷро гардид.

Шумораи муроҷиатҳое, ки ба онҳо мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузорӣ кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд, меафзояд. Мутахассисон барои ҷазои маъмурӣ ва интизомӣ гирифтани нафарони гунаҳгор дар истифодаи муносибати бераҳмона ва пастзанандаи шаъну шараф муваффақ гардиданд.

Дар ГКҲ телефонҳои боварӣ фаъоланд, ки қурбониёни шиканҷаву муносибати бераҳмона ва наздиконашон метавонанд тариқи онҳо дар тамос шуда, кумаки мутахассисонро дарёфт намоянд: дар вилояти Суғд - 987873333, дар вилояти Хатлон - 987876666, дар шаҳри Душанбе ва НТМ - 987087676. Телефонҳо шабонарӯзӣ, рӯзҳои истироҳативу идҳо низ кор мекунанд.

Фаъолияти Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши самаранок ба аризаҳо оид ба шиканҷаву муносибати бераҳмона ва таъсиси механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар мавриди расонидани кумаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст.

Яке аз вазифаҳои асосии ГКҲ муайян намудани ҳаҷми паҳншавии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва/ё хешовандони онҳо ва ғайра мебошад.

Маълумоти муфассалтарро оид ба фаъолияим ГКҲ дар торнамои Эътилоф дарёфт кардан мумкин аст: www.notorturetj.org

NoTorture.Tj