Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
24-уми августи соли 2019 Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо адвокатҳои шаҳри Панҷакент вохӯрӣ гузаронд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили омӯзонидани механизмҳои миллӣ ва байналмилалии мубориза бар зидди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона мавриди баҳс қарор гирифта, механизмҳои кӯмак ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона баррасӣ гардиданд.
Адвокатҳо зикр намуданд, ки ҳангоми ворид шудани чунин муроҷиатҳо бо як қатор мушкилот - мавҷуд набудани ташхиси мустақил, шумораи маҳдуди адвокатҳо, монеа ба фаъолияти адвокатҳо дар лаҳзаҳои аввали муроҷиат дучор мегарданд. Ба иттилои адвокатҳо, барои онҳо зарур аст, то аз рӯи муроҷиатҳои сокинони ноҳияи Айнӣ низ кор баранд, чун дар ин ноҳия адвокатҳо нестанд.
Дар бораи фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ маълумот ироа гардида, имкониятҳои ҳамкорӣ баррасӣ карда шуданд.
Ба адвокатҳо маҷмуаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ҷазоро дар бар мегиранд, инчунин буклетҳои ГКҲ тақдим карда шуданд.