Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои 1 ва 7-уми майи соли 2024 бо раиси Иттифоқи адвокатҳои вилояти Суғд Саидов С. ва адвокатҳои шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯриҳои корӣ доир намуд.
Гулчеҳра Ашӯрова, мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа дар вилояти Суғд ба адвокатҳо дар бораи фаъолияти Гурӯҳи кумаки ҳуқуқӣ, Гурӯҳи офиятбахшии қурбониён ва наздикони онҳо ва Гурӯҳи расонаии Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолият, намудҳои хизматрасонӣ, пешбурди парвандаҳои шиканҷа ва ҳамкории минбаъда бо адвокатҳо, иштироки онҳо дар парвандаҳои марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона маълумот дод.
Адвокатҳо масоилеро аз қабили тартиби асосноккунӣ ва пешниҳоди даъво оид ба рӯёнидани товони зарари маънавӣ барои қурбониёни шиканҷа, тартиби иҷрои ҳалномаи суд оид ба рӯёнидани маблағи зарар аз мақомоти давлатӣ, иштироки руҳшиносону равоншиносон дар парвандаҳо ва чӣ гуна адвокатҳо метавонанд аз ин ҳамкорӣ барои исботсозӣ истифода баранд, баррасӣ намуданд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён масъалаҳои гуногун, аз ҷумла татбиқи амалии қонунгузорӣ дар бораи ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ ба ҷабрдидагон, дастрасии адвокатҳо ба зерҳимояҳо дар муассисаҳои пӯшида ва фаъолияти гурӯҳи мониторингии Эътилофро, ки дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шудааст, баррасӣ карданд.
Иштирокдорони вохӯрӣ тавсияҳои худро оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва ҳамкории муассир дар ин самт пешниҳод намуданд.