Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар соли 2018 ГКҲ фаъолияти худро дар самти расонидани кўмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа, пешбурди мурофиаҳои судии стратегӣ, ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои истифодаи шиканҷа, омодасозии маводҳо барои ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва гузоришҳои алтернптивӣ ба мақомоти СММ, инчунин дар доираи муколамаҳои байниҳукуматӣ гузаронидани тренингҳо ва чорабиниҳои омўзишӣ оид ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа барои адвокатҳои амалкунанда идома дод.
Дар нимсолаи аввали соли 2018 фаъолияти ташкилотҳои узви Эътилоф оид ба шикоят аз тафтишоти ғайри самаранок аз рўи якчанд парвандаи “шиканҷа” - Умарҷон Бобоҷонов, Шамсиддин Зайдуллоев, Комил Хоҷаназаров, Толибҷон Дўстов идома ёфт. Аз рўи аризаҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ санҷишҳо гузаронида шуданд, ки дар натиҷа сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Ашт аз вазифа озод карда шуд, аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Восеъ дар бораи аз вазифа озод кардани кормандони ШВКД-и ноҳияи Восеъ Эгамов Э. ва Ҳикматуллоев Б. қарор бароварда шуд, ду корманди ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур - Раҳимов Илҳом ва Саидраҳмонов Гулбиддин аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
Дар натиҷаи баррасии аризаву шикоятҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, аз ҷониби судҳои ҶТ нисбти кормандони Вазорати корҳои дохилӣ таъинотҳои хусусӣ бароварда шуд: таъиноти хусусӣ нисбати муфаттиши ШВКД-и шаҳри Конибодом барои нақзи КМҶ ҶТ, таъиноти хусусӣ нисбати кормандони ШВКД-и шаҳри Панҷакент барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, таъиноти хусусӣ нисбати кормандони ШВКД-и ноҳияи Ёвон барои сўйистифода аз ваколатҳои хизматӣ.
Таҷриба дар самти таъсиси механизми тафтишоти самаранок васеъ карда мешавад. Аз ҷумла, ба Прокуратураи вилояти Суғд оид ба ҷиноят нисбати ташхисгари судӣ-тиббии шаҳри Исфара Н. А. Дар бораи пешниҳод намудани хулосаи дурўғин ва шикоят ба Маркази ташхиси судӣ-тиббии вилояти Суғд ариза дода шуд. Прокуратура ариза дар бораи ҷиноятро ба Суди шаҳри Конибодом фиристод ва шикоят бурдан ба ПГ ҶТ дар назар аст. Ба бахши минтақавии Иттифқи адвокатҳо дар вилояти Суғд нисбати амали адвокат, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ҳуҷҷатҳоро “ғоибона” имзо гузоштааст, шикоят карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ шикоят баррасӣ нагардидааст. Ба шикоят аз қарорҳои судҳо дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки дар натиҷаи онҳо дар ҷараёни иҷрои ҷазои маъмурӣ нисбати шахсон бо мақсади оғоз намудани парвандаи ҷиноятии дигар шиканҷа ва муносибати бераҳмона истифода бурда мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Дар давраи ҳисоботӣ қариб 40 вохўрии машваратӣ бо адвокатҳо бо мақсади баррасии стратегияҳо дар зинаҳои гуногуни истеҳсолоти судии ҷиноятӣ гузаронида шудааст. Инчунин, тадқиқотҳои журналистӣ гузаронида шуда, адвокатҳои иловагӣ ҷалб гардидаанд.
Барои муайян намудани ҳаҷми истифодаи шиканҷа ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона гузаронида мешавад. Ҳуҷҷатгузорӣ аз рўи муроҷиати қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ё хешовандони онҳо ба Эътилоф ва ё бо дастрас намудани ахбор аз дигар шахсони манфиатдор, ВАО, ТҒД, адвокатҳо, табибон ва ғайра амалӣ карда мешавад.
Дар давраи аз 1-уми январ то 30-юми июни соли 2018 аз ҷониби Гуруҳи кўмаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои узви Эътилоф 23 муроҷиат оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки миёни ҷабрдидаҳои эҳтимолӣ 1 ноболиғ ва 4 зан ҳастанд.
Фаъолияти мушовири ГКҲ ба машваратдиҳӣ ба адвокатҳо ва аъзои Эътилоф оид ба парвандаҳои вобаста ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нигаронида шудааст. Мушовир инчунин узви Комиссия оид ба тақсимоти фонди ҳаққи қалами Эътилоф ба шумор рафта, ҳангоми ҳалли масъалаи ҷудонамоии воситаҳои молӣ аз ҷониби Фонди ҳаққи қалам шарҳу пешниҳодоти худро ирсол медорад. Дар 6 моҳи соли 2018 аз ҷониби мушовири Гуруҳи кўмаки ҳуқуқӣ 39 машварати хаттӣ пешниҳод гардида, инчунин аз рўи муроҷиатҳо 5 ташхиси ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ки дар доираи фаъолияти Гуруҳи кўмаки ҳуқуқӣ ворид гардидаанд, гузаронида шудааст. Инчунин, аз ҷониби мушовир 6 стратегияи адвокатҳо вобаста ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа баррасӣ шудааст.
Аз моҳи марти соли 2018 дар ГКҲ мушовир оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ кор мекунад. Дар давраи ҳисботӣ барои ҷамъоварӣ ва ташхиси ҳуҷҷатгузории тиббӣ кўмаки машваратӣ расонида шуда, аз рўи 4 ҳолати ГКҲ дархостҳо оид ба таъин намудани ташхиси маҷмуии “судӣ-тиббӣ ва равонӣ-руҳӣ” коркард гардиданд.
Ба ғайр аз ин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузорӣ 14 мониторинги мурофиаҳои судии парвандаҳое гузаронида шуд, ки судшавандаҳо дар бораи истифодаи шиканҷа ё муносибати бераҳмона ариза пешниҳод карда буданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2018 оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтишоти ғайри самаранок ду даъво (парвандаҳои Бобоҷонов У. ва Зайдуллоев Ш.) пешниҳод шуда буд, ки таъини рўзи баррасияшон дар назар аст.