Гуруҳи офиятбахшӣ фаъолияташро бо сабаби COVID-19 бознигарӣ кард

Ҳадафи Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва/ё аъзои оилаи онҳои назди Эътилофи зидди шиканҷа расонидани ёрии ҳадди ақали имконпазир ба қурбониён барои барқарор кардани қобилиятҳои касбӣ, иҷтимоӣ, равониву ҷисмонӣ ва инчунин пурра мутобиқ гаштану иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад.

Дар робита ба зуд паҳншавии вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ва пур шудани муассисаҳои тиббӣ, ба хотири бехатарии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо Гуруҳи офиятбахшӣ фаъолияти худро бознигарӣ кард. Аз 1-уми апрел ташхис ва кумак дар ҳолатҳои ғайри фаврӣ барои давраи дертар ба таъхир гузошта шуд, кумаки равонӣ тариқи онлайн ё тавассути телефон расонида мешавад, ҳамзамон, кори корманди иҷтимоӣ пурзӯр карда шуд. Фаъолияти умумии Гуруҳи офиятбахшӣ қатъ нагардида, ҳамаи корҳо дар давраи ҳисоботӣ ба таври фосилавӣ пеш бурда шуданд.

Давоми шаш моҳи соли 2020 барои офиятбахшӣ 27 нафар (аз рӯйи 18 парванда) ворид шуданд, ки аз онҳо 8 нафар мард, 13 зан, 2 писари ноболиғ ва 4 духтари ноболиғ мебошанд. 15 нафар аз шумораи умумӣ бевосиата аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, як духтарча (12-сола) қурбонии зӯроварии ҷинсӣ ва 11 нафар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона ба шумор мераванд.

Нисбати 13 нафар зӯроварии ҷисмони истифода бурда шудааст: латукӯб бо дастону пойҳои баста, сар додани қувваи барқ тариқи нохунҳо ба дастон, зарба ба қисмати сар, обрезӣ, зарба ба шикам ва сару рӯй, кашола кардан аз мӯй, зарба бо мушт ба рӯй. Нисбати ду нафар аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фишори равонӣ, таҳқир, бадгӯӣ истифода бурда шудааст.

Ҳамаи муроҷиаткардагон кумаки иҷтимоӣ ва роҳнамоӣ дарёфт намуданд: дар вилояти Хатлон 11 нафар, дар вилояти Суғд 6 нафар, Душанбе ва НТМ - 10 нафар.

Дар давраи ҳисоботӣ ба се нафар кумаки такрории тиббӣ расонида шуд: ба мард, зан ва духтарчаи ноболиғ. Ҳамаи онҳо санҷишу ташхис гузаштанд ва табобати амбулаторӣ гирифтанд. Кумак дар асоси консилиум ва тавсияи табиб расонида шуд.

Дар нимсолаи аввал Гуруҳи офиятбахшӣ ба таҳияи Дастурамал оид ба офиятбахшии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо машғул шуд. Дастурамал дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - «Пешбурди роҳҳои ҳуқуқҳимоясозӣ ҳангоми ислоҳоти системаи пенитенсиарии Тоҷикистон» омода мегардад ва амалҳои зина ба зинаро дар вақти расонидани кумаки иҷтимоиву дастгирии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо дар бар хоҳад гирифт. Инчунин, ба Дастурамал амалҳои вобаста ба роҳнамоии иҷтимоӣ ва кейс-менеҷмент аз лаҳзаи ворид гардидани қурбонӣ то офиятбахшии пурраи ӯ дохил карда мешаванд.

Боз як Дастурамали таҳияшаванда оид ба офиятбахшии равонии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо - ҳуҷҷат барои истифодаи мутахассисон-равоншиносоне маҳсуб меёбад, ки ба шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо дастгирии равонӣ пешниҳод менамоянд. Дастурамал нақшаи расонидани кумак, инчунин усулҳоеро дар бар хоҳад гирифт, ки равоншиносон бояд ҳангоми гузаронидании баҳогузории аввалия ва дар ҷараёни расонидани кумаки равонӣ истифода намоянд. Дастурамали мазкур ҳам чун Дастурамал оид ба кори иҷтимоӣ кейс-менеҷмент (варақаҳои бақайдгирӣ, баҳогузории аввалия, баҳогузориҳои миёнадавриву ниҳоӣ ва ғайра)-ро дар бар хоҳад гирифт.

NoTorture.Tj