Гуруҳи офиятбахшӣ: соли 2022-юм 16 қурбонии шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо офиятбахшӣ гузаштанд

Ба Гуруҳи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2022-юм 16 нафар барои офиятбахшӣ, аз ҷумла 2 мард, 7 зан ва 7 писари ноболиғ муроҷиат карданд. Аз шумораи умумии қурбониён 11 нафар бевосита қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва 5 нафар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона мебошанд.
Ҳамаи қурбониён ва наздикони онҳо ҷароҳат бардоштаанд, ки дар натиҷа боиси пайдо шудани мушкилоти ҷисмонӣ ва равонӣ дар онҳо гардидааст.

Ба ҳамаи қурбониён ва аъзои оилаҳои онҳо кумаки тиббиву равонӣ расонида шуд.
Дар натиҷаи ташхис дар қурбониён ва наздикони онҳо ҷароҳатҳои зерини хислати тиббӣ дошта муайян карда шуданд: фишори баланди хун, дарди дил, дарди сутунмуҳра, баланд шудани қанди хун, ларзиши мағзи сар, дарди зонуҳо, дард ҳангоми пешоб, дарди пойҳо, дард дар қисмати қафаси сина, тангии шадиди нафас. Пас аз муоинаи терапевт, невропатолог, кардиолог, ортопед, травматолог ва эндокринолог тавсияҳо дар шакли табобати амбулаторӣ ва статсионарӣ дода шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 16 нафар ёрии тиббӣ расонида шуд, ки кумакҳои зеринанд (13 ҳолат): муолиҷаи амбулаторӣ - 13 нафар, табобати статсионарӣ - 3 нафар, муоинаи тиббӣ - 16 нафар, физиотерапия ва маҳс - 2 нафар, доруворӣ - 16 нафар, табобати курортӣ - 2 нафар.
Дар натиҷаи шиканҷа ҷабрдидаҳо дар ҳолати изтироби доимӣ ва тарсу ҳарос аз сабаби таҳдиди ҳодисаҳои осебпазир аз шиканҷа қарор дошта, дар онҳо мушкилоти равонӣ пайдо мешуд: канораҷӯӣ аз мардум, майл ба танҳоӣ, гум шудани хоб ё хобҳои фосилавӣ, асабоният, изтироб, хашмгинӣ, ғазабнокӣ, худбаҳодиҳии паст, ҳиси бепарвоӣ, кам шудани иштиҳо, фаромӯшхотирӣ, ашкрезӣ, нобоварӣ ба одамон. Ҳамчунин, фишори равонии дохилӣ дар муддати тӯлонӣ, канорагирӣ аз одамон ва ҷомеа.

Кумаки равонӣ ба 16 нафар ҷабрдидагон аз шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо расонида шуд (13 ҳолат): баҳодиҳии ибтидоӣ - 16, хулосаи ҳолати равонӣ - 16, сеансҳои равонӣ - 16, омода намудани ҳисоботи равонӣ пеш ва баъд аз офиятбахшӣ - 16.

Ба 16 нафар ҷабрдидагон аз шиканҷа ва ё аъзои оилаҳои онҳо кумаки иҷтимоӣ расонида шуд (13 ҳолат): гузаронидани ташхиси ибтидоӣ бо ҷабрдида ва муайян кардани ниёзҳо - 16, дастгирии иҷтимоии
қурбониён ва ё аъзои оилаҳои онҳо - 16, кумак ба ҷабрдида дар масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ (бо кор таъмин кардан, таҳсил, нафақа, ёрдампулӣ ва ғайра) - 8, пешбурди парванда барои ҳар як ҷабрдида - 16, тартиб додани нақшаи индивидуалии кор бо ҷабрдида ва мувофиқа кардан бо дигар мутахассисон - 16, даъват намудани шӯро ва тартиб додани протокол аз рӯи ҳар як ҳолат - 16.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ ба 7 нафар қурбонии эҳтимолӣ, инчунин аъзои оилаҳои онҳо кумаки такрории тиббӣ расонида шуд. Аз ин шумора 4 нафари онҳо мустақиман ҷабрдида, 3 нафари дигар хешовандонашон мебошанд. Ҳамаи 7 нафар ташхис ва муолиҷаи амбулаторӣ гузаштанд. Кумак дар асоси қарори шӯро ва тавсияи табиб расонида шуд.