Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мақсади Гурӯҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо (ГО)-и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон расонидани ёрии ҳадди ақали имконпазир ба қурбониён барои барқарор кардани қобилиятҳои касбӣ, иҷтимоӣ, равониву ҷисмонӣ ва инчунин пурра мутобиқ гаштану иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад.
ГО дар ҳамкории зич бо Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилоф фаъолияташро пеш мебарад. Пас аз гирифтани ариза дар бораи истифодаи эҳтимолии шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона ва ҳуҷҷатгузории он аз ҷониби ГКҲ, бо розигии ҷабрдидаи эҳтимолии шиканҷа ва/ё аъзои оилаи ӯ, онҳо барои дастрас кардани хизматрасонии офиятбахшӣ ба ГО фиристода мешаванд.
Дар давраи ҳисоботӣ 21 нафар барои офиятбахшӣ қабул карда шудаанд, ки аз онҳо 12 нафар мардон (3 нафарашон ноболиғон) ва 9 нафар занон мебошанд. Аз шумораи умумӣ 11 нафар бевосита зарардидагони шиканҷаву муносибати бераҳмона ва 10 нафар хешовандони онҳо мебошанд. Аз 21 нафар қурбониёни шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо 6 нафарашон шахсоне буданд, ки дубора офиятбахшӣ гузаштанд.
Дар натиҷаи ташхис дар ҷабрдидагон ва наздикони онҳо ҷароҳатҳои зерини хосияти тиббӣ дошта муайян карда шуд: баланд шудани фишори хун, дарди дил, дарди сутунмуҳра, зиёд шудани қанд дар хун, ларзиши мағзи сар, дарди пойҳо ва зонуҳо, дард ҳангоми пешоб кардан, дард дар мавзеи қафаси сина, тангии шадиди нафас. Баъди муоинаи терапевт, невропатолог, кардиолог, ортопед, травматолог ва эндокринолог тавсияҳо дар шакли табобати амбулаторӣ ва статсионарӣ дода шуданд.
Дар натиҷаи истифодаи шиканҷа, ҷабрдидаҳо дар ҳолати изтироби доимӣ ва тарсу ҳарос аз сабаби ҳолатҳои осебпазир аз шиканҷа қарор доштанду дар онҳо мушкилоти равонӣ пайдо мешуд: дамдуздӣ, хоҳиши дахолатнопазирӣ, бехобӣ ё хобҳои фосилавӣ, асабоният, изтироб, хашмгинӣ, пастбаҳодиҳии худ, эҳсоси бетафовутӣ, гум шудани иштиҳо, фаромӯшхотирӣ, ашкрезӣ, нобоварӣ ба одамон, бепарвоӣ. Инчунин, фишори рӯҳии дохилии давомнок ва канорагирӣ аз одамону ҷомеа.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
E-mail: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117
Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk