Гуруҳи расонаӣ: аксияву чорабиниҳо ба дастгирии қурбониёни шиканҷа

Дар нимсолаи аввали соли 2021 Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар торнамои худ 339 матлаб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пахш кард. Торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org ҳамчун нахустманбаи иттилооти босифату объективӣ оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа дар кишвар баромад мекунад.

Матолиб дар ҳамкорӣ бо дигар гуруҳҳои Эътилофи зидди шиканҷа, аз ҷумла Маркази таҳлилӣ, Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ, Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ, Гуруҳ оид ба офиятбахшии шахсони аз шиканҷа зарардида ва/ё аъзои оилаҳои онҳо ва Гуруҳ оид ба амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулӣ омода карда шудаанд.

Имсол Эътилоф дар доираи аксияи «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа як қатор чорабиниҳоро гузаронид.

Моҳи апрел аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилоф таҳлили рафти иҷрои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 дар давраи солҳои 2019-2020 гузаронида шуд. Мақсади таҳлил равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабариву озодӣ аз шиканҷа дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа буд.

Футболкаву бейсболкаҳо бо шиори «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» («Я за искоренение пыток!», I am for the elimination of torture!) бо логотипи Эътилоф ва БРСММ омода гардиданд, ки дар чорабиниҳои Эътилоф ройгон тақсим карда шуданд.

Барномаи мустақими радиоии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» 28-уми апрели соли 2021 дар радиои Asia-Plus бо барандагии Орзу Исоев дар барномаи «Меҳмон дар студия» садо дод. Барномаи радиоӣ ба талошҳои давлат барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа бахшида шуда буд. Маълумоти ироагардида оид ба рафти иҷрои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ омода карда шудааст. Коршиносон низ ба суолҳои радиошунавандагон посух доданд.

Дар ҳамин мавзуъ 30-юми апрел барномаи видеоии https://agacelebir.com/afu.php?zoneid=3601336&var=2579647 бо барандагии Манижа Қурбонова омода карда шуд. Ба ҳайси коршинос Абдураҳмон Шарипов - узви Эътилоф ва Гулгуна Шозодаева - ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» баромад карданд.

Рӯзи 14-уми июн дар яке аз радиоҳои машҳури ватанӣ - «Ватан» барнома бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии СММ ба дастгирии қурбониёни шиканҷа пахш гардид. Мутахассисони Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба кори худ, дар мавриди тағйиротҳое, ки Тоҷикистон бо мақсади барҳам додани шиканҷа ва беҷазоӣ дар кишвар амалӣ менамояд, сухан гуфта, ба саволҳои радиошунавандагон посух доданд. Барномаро дар ин суроға метавонед гӯш кунед: https://notorturetj.org/audio/beseda-o-pytkah-s-gruppoy-pravovoy-pomoshchi-koalicii-protiv-pytok-i-beznakazannosti-v.

7-уми майи соли 2021 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ назди бозори «Султони Кабир», дар ноҳияи Сино назди бозори «Деҳқон», дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ назди бозори «Меҳргон» ва дар ноҳияи Шоҳмансур назди бозори «Ховарон» машваратҳои ҳуқуқии ройгони сайёр гузаронид.

Машварати ҳуқуқии ройгонро ба шаҳрвандон ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - Сайфуллоев Салимҷон, Исоев Хушбахт, Шарипов Абдураҳмон, Ҳаитов Салимҷон ва Шозодаева Гулгуна ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев расониданд. Дар рафти расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз COVID-19 (ниқобҳои тиббӣ ва антисептикҳо) тақсим карда шуд.

11-уми майи соли 2021 дар қаҳвахонаи «PARKING» аз ҷониби Эътилоф QUIZ HUMAN RIGHTS TALK «кӯшиши донистан - оид ба ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа!» ташкил карда шуд. Дар чорабинӣ шаст дастаи ҳар кадомаш иборат аз 5 нафар иштирок карданд. Зиёда аз 50 нафар мактаббачаҳо, донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо ҷамъ омаданд. Дар анҷоми КВИЗ 3 дастаи беҳтарин муайян ва соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

16-уми майи соли 2021 дар майдони футболи «Душанбе Арена» миёни дастаҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба дастгирии қурбониёни шиканҷа ва хешовандони наздики онҳо бозии дӯстонаи мини-футбол баргузор гардид.

Бозӣ бо ҳисоби 7:3 ба фоидаи дастаи футболи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба поён расид, ки бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 2200 сомонӣ сарфароз гаштанд. Инчунин, барои руҳияи варзишӣ ва муносибати дӯстона ҳангоми бозии дӯстона сипоснома тақдим карда шуд. Футболбозон футболкаҳои тақсимшударо бо навиштаҷоти «Ман муқобили шиканҷа ҳастам!» ба бар намуда, бо ин мавқеи шаҳрвандиашонро нисбати мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона нишон доданд.

30-юми майи соли 2021 дар Маркази омӯзиши забони олмонии «DEX» мусобиқаи мубоҳисавии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» баргузор гардид. Дар мусобиқа 16 даста бо шумули ду нафар аз ҳайати хоҳишмандон (ҳамагӣ 32 нафар), 6 довар ва 7 тамошобин иштирок карданд.

15-уми июн дар шаҳри Душанбе намоиши аксҳои «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» баргузор гардид. Он ба мардонагиву шуҷоати нафароне бахшида шуда буд, ки наздикони худро аз даст додаанд. Сарфи назар аз ҳама монеагиву душвориҳо, онҳо батамом боварӣ доранд, ки гунаҳгорон қонунан ҷазо мегиранд. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ВАО, хешовандони фавтидагон ва онҳое, ки нисбати масоили шиканҷаи шаҳрвандон бетафовут нестанд, иштирок карданд. Дар намоишгоҳи аксҳо 26 қиссаи қурбониёни шиканҷа пешниҳод гардид. Инҳо парвандаҳое ҳастанд, ки аз рӯяшон Эътилоф давоми чанд соли охир корбарӣ кардааст.

Эътилоф озмуни расмҳоро дар мавзуи «Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа» ташкил намуд, ки миёни ҳамаи хоҳишмандон, аз ҷумла рассомон, тарроҳон ва дигар нафарони ихтисосҳои эҷодӣ гузаронида шуд. Маҳдудияти технивкиву матолиб вуҷуд надошт. Ҳамагӣ 12 расм аз иштирокдорони аз 7 то 24-сола ворид гардид. Тасмим гирифта шуд, ки ҳамаи иштирокдорон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шаванд. Ҳамаи корҳоро метавонед дар торнамои мо - www.notorturetj.org бубинед.

25-уми июн дар Душанбе тренинги «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» доир гардид, ки дар он зиёда аз 20 нафар фаъолони ҷавони пойтахт иштирок карданд. Тренингро адвокати Эътилоф Абдураҳмон Шарипов гузаронид. Тренинг ба стандартҳои Конвенсияи зидди шиканҷа ва қонунгузории миллӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа бахшида шуда буд.

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон давоми як моҳ қиссаҳои аллакай нашршудаи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро (аз рӯйи қиссаҳои Эътилоф) коркард намуд. Пешниҳоди таълифи ин китоб ба ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» (китоби аввал соли 2013 чоп шуда буд) тааллуқ дорад. Мутаассифона, ҳар сол Эътилофи зидди шиканҷа далелҳои нави шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ба қайд мегирад. Соли 2021 китоб бо 10 қиссаи нав, ки Эътилоф аз рӯйи онҳо панҷ соли охир кор кардааст, пурра карда шуд. Баъзан ба адвокатҳо муаяссар гардид, ки нафари бегуноҳро озод кунанд, баъзан ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани гунаҳгорони истифодаи шиканҷа муяссар шуд. Аммо, мутаассифона, парвандаҳое низ ҳастанд, ки солҳо як қадам пеш бурданашон имкон надорад.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа матолиби махсус омода карда шуданд. Аз ҷумла:

Шиканҷа - зуҳуроти нодир ё аз гуфтан дар бораи он метарсанд? https://notorturetj.org/news/pytki-redkoe-yavlenie-ili-o-nih-boyatsya-govorit

Офиятбахшӣ баъди шиканҷа https://notorturetj.org/news/reabilitaciya-posle-pytok-kak-slozhit-pazly-posle-perenesennogo-uzhasa

Имкониятҳои медиавӣ барои мубориза бо падидаи шиканҷа https://notorturetj.org/news/mediavozmozhnosti-v-borbe-s-fenomenom-pytok

Ин ва дигар маълумотҳоро метавонед дар торнамои мо - https://notorturetj.org/, инчунин, дар саҳифаҳои иҷтимоиямон дарёфт намоед:

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

NoTorture.Tj