Гуруҳи расонаӣ: чорабинии якмоҳа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - аз китоб то барномаи радиоӣ

Моҳҳои январ - июни соли 2020 аз ҷониби гуруҳи расонаӣ 182 матлаб, аз ҷумла бо забони русӣ 82 матлаб, бо забони тоҷикӣ 80 ва бо забони англисӣ 20 матлаб пахш карда шуд.

Ҳамаи матолиб дар торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ - www.notorturetj.org, ки нахустманбаъ дар мавриди пешниҳод намудани иттилооти босифату воқеӣ оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва беҷазоӣ барои ВАО-и Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ҷойгир карда мешаванд.

Аз 26-уми май то 26-уми июни соли 2020 Эътилоф бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа чорабинии якмоҳа гузаронид.

Давоми як моҳ дар мониторҳои супермаркетҳо, марказҳои савдо, марказҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷойҳо дар тамоми ҳудуди шаҳри Душанбе наворҳо бахшида ба озодӣ аз шиканҷа намоиш дода шуданд.

Дар торнамои Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби иттилоотӣ оид ба амалисозии ҳар як банди (ҳамагӣ 22-то) Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 ҷойгир карда шуданд.

Ташкилоти узви Эътилоф - ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар ҳамдастӣ бо Эътилоф ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта”-ро омода намуд, ки дар бораи қисмати 13 сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ва “меҳтарсолорӣ” гардида ҳикоят мекунад.

26-уми июни соли 2020 дар ҷамоати куҳистони Чилдухтарон мутахассисони ТҶ “Наҷоти кӯдакон”, ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа бо сокинон вохӯрӣ гузарониданд.

Дар доираи чорабинӣ оид ба мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон матолиби иттилоотӣ таҳия карда шуданд.

4-уми июни соли 2020 аз соати 11:00 то 12:00 дар радиои «Азия-Плюс» дар барномаи навбатии “Фурсати донистан!” бо радиошунавандагон дар мавзуи “Мо ба қурбониёни шиканҷа, хешовандони онҳо ва нафароне, ки хоҳони адолатанд, кумак мерасонем. Шумо бошед, метавонед ба мо кумак расонед!” суҳбати мустақим сурат гирифт, ки шунавандагон суолҳои худро дар мавзуи озодӣ аз шиканҷа ба ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилоф - Абдураҳмон Шарипов (ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”) ва Хушбахт Исоев (ТҶ “Дунёи ҳуқуқ”) пешниҳод намудаву посух гирифтанд.

Аз 22 то 25-уми июн дар доираи аксия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа аъзои ГТҶ - ҲРУ (Гуруҳи ташаббускори ҷавон - Ҳадафи рушди устувор)-и назди ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, миёни ҷавонони кишвар ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа аксия гузаронид. Дар аксия 31 нафар иштирок карданд ва соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

NoTorture.Tj