Гуруҳи расонаӣ: чорабиниҳо барои дастгирии қурбониёни шиканҷа ва инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа

Давоми 9 моҳи соли 2020 аз ҷониби Гуруҳи расонаии Эътилофи зидди шиканҷа 254 матлаб, аз ҷумла бо забони русӣ 118 матлаб, бо забони тоҷикӣ 116 ва бо забони англисӣ 20 матлаб ба нашр расонида шудааст.

Ҳамаи матолиб дар торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ - www.notorturetj.org, ки нахустманбаъ дар мавриди пешниҳод намудани иттилооти босифату воқеӣ оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа маҳсуб меёбад, ҷойгир карда мешаванд.

Аз ҳама фарогиртарин чорабиниҳо дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа буданд, ки дар тамоми ҷаҳон 26-уми июн қайд карда мешавад.

Аз 26-уми май то 26-уми июни соли 2020 Эътилоф бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа чорабинии якмоҳа гузаронид. Давоми як моҳ дар мониторҳои супермаркетҳо, марказҳои савдо, марказҳои тиҷоратӣ ва дигар ҷойҳо дар тамоми ҳудуди шаҳри Душанбе наворҳо бахшида ба озодӣ аз шиканҷа намоиш дода шуданд.

Дар торнамои Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби иттилоотӣ оид ба амалисозии ҳар як банди (ҳамагӣ 22-то) Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022 ҷойгир карда шуданд.

Ташкилоти узви Эътилоф - ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар ҳамдастӣ бо Эътилоф ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта”-ро омода намуд, ки дар бораи қисмати 13 сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ва “меҳтарсолорӣ” гардида ҳикоят мекунад.

26-уми июни соли 2020 дар ҷамоати куҳистони Чилдухтарон мутахассисони ташкилоти узви Эътилоф - ТҶ “Наҷоти кӯдакон” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа бо сокинон вохӯрии иттилоотӣ гузарониданд.

Дар доираи чорабинӣ оид ба мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон матолиби иттилоотӣ таҳия карда шуданд, аз ҷумла «Шиканҷа - вируси даҳшатнок, ваксина зидди он - ошкорбаёнӣ. Хомӯш наист!», Муроҷиатнома бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, рӯнамоии китоби «Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта», «Беасосии расмӣ, ё иттилоъ оид ба шиканҷа то куҷо дар сомонаҳои мақомоти давлатӣ дастрас аст» ва ғайра.

4-уми июни соли 2020 дар радиои «Азия-Плюс» дар барномаи навбатии “Фурсати донистан!” бо радиошунавандагон дар мавзуи “Мо ба қурбониёни шиканҷа, хешовандони онҳо ва нафароне, ки хоҳони адолатанд, кумак мерасонем. Шумо бошед, метавонед ба мо кумак расонед!” суҳбати мустақим сурат гирифт, ки шунавандагон суолҳои худро дар мавзуи озодӣ аз шиканҷа ба ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилоф - Абдураҳмон Шарипов (ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”) ва Хушбахт Исоев (ТҶ “Дунёи ҳуқуқ”) пешниҳод намудаву посух гирифтанд.

Аз 22 то 25-уми июн дар доираи аксия бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа аъзои ГТҶ - ҲРУ (Гуруҳи ташаббускори ҷавон - Ҳадафи рушди устувор)-и назди ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, миёни ҷавонони кишвар ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа аксия гузаронид. Дар аксия 31 нафар иштирок карданд ва соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

17-18-уми августи соли 2020 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои рӯзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисони робита бо ҷомеаи мақомоти давлатӣ дар мавзуи «Ҳамкорӣ ва амалисозии навгониҳо дар  инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона» тренинги омӯзишӣ доир намуд. Дар тренинг дар бораи стандартҳои байналмилаливу миллӣ оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, раванди амалисозии Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2021, инчунин фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маълумот дода шуд.

NoTorture.Tj