Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар семоҳаи аввали соли 2022 аз ҷониби Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 68 матлаб бо забони русӣ, 29 матлаб бо забони тоҷикӣ ба нашр расид. Миёни онҳо иттилоияҳо, матолиби иттилоотӣ, таҳлил, матолиби чандрасонаӣ ва ғайра мавҷуданд.
Торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org сарчашмаи аввалиндараҷаи пешниҳоди иттилооти босифат ва объективӣ оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона барои ВАО-и Тоҷикистон ба шумор меравад. Одатан, бисёр вақт расонаҳои пешрави Тоҷикистон - Радиои «Озодӣ», «Азия-Плюс» ва дигарон бо истинод ба маълумоти торнамои Эътилоф иттилоъ пахш мекунанд. Аз ҷумла, 31-уми март дар торнамои Радиои “Озодӣ” матлаби “Эътилофи зидди шиканҷа: 24 нафар бо шикоят аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона муроҷиат карданд” (https://rus.ozodi.org/a/31779430.html), 23-юми март дар сомонаи "Азия-плюс" хабари "Волидони қурбониёни эҳтимолии муносибати бераҳмона таҳти офиятбахшии Эътилофи зидди шиканҷа қарор доранд» (https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/laworder/20220323/roditeli-predpolagaemoi-zhertvi-zhestokogo-obratsheniya-nahodyatsya-na-reabilitatsii-koalitsii-protiv-pitok) пахш гардид.
Ҳамаи матолиби дар торнамои Эътилоф пахшгардида аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ дар ҳамкорӣ бо дигар аъзо ва гуруҳҳои Эътилоф омода карда шудаанд. Кулли матолиб инчунин дар саҳифаҳои Эътилоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр карда мешаванд.