Гурӯҳи расонаӣ: "Мо кӯшишҳои худро ҷиҳати дастгирии иттилоотии ВАО дар масъалаи пешгирии шиканҷа идома медиҳем"

Имсол аз қабули нахустин ҳуҷҷати байналмилалӣ дар самти мубориза бо шиканҷа - Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо (10-уми декабри соли 1984) 40 сол пур мешавад. Рӯзе, ки ин Конвенсия ба қувваи қонунӣ даромад - 26-уми июни соли 1987, дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қайд карда мешавад, то "амалияи муносибати бераҳмона нисбати одамон аз байн бурда шавад".

Дар ин кор нақши калон ба васоити ахбори омма, ба матолиби нашршудае рабт мегирад, ки натоиҷи зиёди муассири иҷтимоиро ба бор меоранд. «Аксар вақт шахсони аз амали кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳо зарардида, инчунин адвокатҳову хешовандони онҳо ба ВАО ва рӯзноманигорони мустақил чун «охирин» марҳила барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ муроҷиат мекунанд»,- зикр намуд як нафар, ки барои дарёфти кумаки ҳуқуқӣ ба Эътилоф муроҷиат кардааст.

Тавре дар Стратегияи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон зикр гардидааст, Гурӯҳи расонаӣ бо мақсади инъикоси системавии фаъолияти Эътилоф, ҷалби таваҷҷуҳи ВАО ба ин мавзуъ ва боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ дар самти мубориза бо шиканҷа тавассути ВАО ташкил шудааст. (https://notorturetj.org/about/strategiya-grazhdanskogo-obshchestva-po-borbe-s-pytkami-v-tadzhikistane)

Аз оғози фаъолияти Гурӯҳи расонаӣ Эътилоф фаъолияти худро дар самти кор бо ВАО тавассути ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон амалӣ карда, фаъолиятҳояшро ба воситаи сомонаи худ ва саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос менамояд.

Ҳамзамон, сомонаи Эътилоф барои пешниҳоди иттилооти босифату объективӣ ба дигар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар масоили озодӣ аз шиканҷа ҳамчун сарчашма баромад мекунад.

Ҳамин тавр, соли 2021 дар сомона аз ҷониби Гурӯҳи расонаӣ 460 мавод бо забони русӣ, 192 матлаб бо забонҳои тоҷикӣ ва 51 маводи дигар бо забони англисӣ нашр шудааст. Дар соли 2022 бошад, 379, 150 ва 16 мавод.

Мутаассифона, дар соли 2023 фаъолияти Гурӯҳи расонаӣ бо сабабҳои объективӣ муваққатан боздошта шуд ва дар сомонаи Эътилоф танҳо 8 мавод дар мавзӯи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нашр гардид.

Зимнан, дар фазои иттилоотӣ теъдоди ахбор оид ба масоили шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона якбора коҳиш ёфт: дар дигар ВАО давоми тамоми соли 2023 фақат 5 мавод вобаста ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон нашр шуд: дар Радиои Озодӣ (4 мавод) ва дар «Азия-Плюс» (1 мавод).

Дар ВАО-и давлатӣ давоми соли гузашта танҳо як мавод дар сомонаи агентии миллии «Ховар» бахшида ба қабули Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 дар Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2023 ва нақшаи аввалини амал оид ба амалисозии он ҷойгир карда шудааст. Маълумоти умумӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ нашр карда шудааст.

Сарфи назар аз вуҷуд доштани мушкилот, Эътилоф захираҳои дигарро ҳам барои инъикоси масоили шиканҷа ва муносибати бераҳмона истифода мебарад. Ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки 26-уми июн таҷлил мегардад ва Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки 10-уми декабр ҷашн гирифта мешавад, аксияҳо гузаронида мешаванд. Вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ видеоаксҳо, видеороликҳо, инфографика ва маводҳои мултимедӣ омода карда мешаванд. Ҳамин тавр, соли 2021 инфографика дар бораи ҳуқуқҳои асосӣ, боздоштшудагон барои нақзи маъмурӣ, ки кафолатҳои асосии мурофиавии дастнорасии шахсӣ зикр гардидаанд, паҳн карда шуд. Дар соли 2022 муаррифии замимаи мобилии "Ман ва ҳуқуқҳои ман!", инчунин 7 маводи визуалӣ, дар соли 2023 бошад, инфографика дар мавзӯи "Нақши адвокат дар мурофиаи ҷиноятӣ" амалӣ карда шуд.

Дар ҷараёни гузаронидани аксияҳо дар кӯчаҳои марказии пойтахт баннерҳо бахшида ба Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва дастгирии қурбониёни шиканҷа бо иқтибосҳо аз суханони намояндагони мақомоти давлатӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ насб карда шуданд. Ҳамин тавр, аз 1 то 10-уми июни соли 2022 дар Душанбе дар доираи иқдоми «Нест бод шиканҷа ва беҷазоӣ!» дар ҷойҳои гуногуни шаҳр мониторҳои калон насб карда шуданд, ки дар онҳо видеороликҳо бо иқтибосҳо аз намояндагони мақомоти давлатӣ ва шахсиятҳои машҳур дар бораи манъи истифодаи шиканҷа ҷойгир карда шуда буданд.

Дар соли 2021 нашри дуюми китоби «Тақдирҳои шикаста, зиндагии рабуда» - даҳ қисса оид ба дард, тарс ва беҷазоӣ аз чоп баромад.

Ҳамасола тақвимҳои кисагӣ ва рӯимизӣ бо даъватҳо баҳри муттаҳидсозии талошҳо муқобили шиканҷа чоп мешаванд, озмунҳои аксҳо дар мавзӯи «Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа», чорабиниҳои иттилоотӣ ва дигар чорабиниҳо доир мегарданд.

Дар соли 2024 Гурӯҳи расонаӣ фаъолияти худро идома медиҳад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

E-mail: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117

Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

NotortureTj