Гузориш дар бораи чораҳои андешидаи давлатҳои аъзо

1. Давлатҳои аъзо ба воситаи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси тадбирҳои андешидаи онҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ мутобиқи ин Конвенсия дар мӯҳлати як соли баъд аз эътибор пайдо намудани ин Конвенсия барои Давлати дахлдори узв ба Кумита гузориш пешниҳод менамоянд. Минбаъд Давлатҳои аъзо дар чор сол як маротиба доир ба ҳама гуна тадбирҳои нави андешидашуда гузоришҳои иловагӣ, инчунин дигар гузоришҳоеро, ки Кумита метавонад дархост намояд, пешниҳод мекунанд.

2. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ин гузоришҳоро ба ҳама Давлатҳои аъзо мефиристад.

3. Ҳар як гузориш аз ҷониби Кумита, ки метавонад доир ба гузориш фикру мулоҳизаҳои умумии зарурдонистаи худро баён намояд, баррасӣ мегардад ва онҳоро ба Давлати узви дахлдор равон менамояд. Ин Давлати узв метавонад ҷавобан ба Кумита ҳама гуна фикру мулоҳизаҳои зарурдонистаи худро пешниҳод намояд.

4. Кумита мувофиқи салоҳдиди худ метавонад ҳама гуна фикру мулоҳизаҳои мутобиқи банди 3 ҳамин модда баённамудаи худро якҷоя бо фикру мулоҳизаҳои оид ба онҳо, ки аз Давлати дахлдори узв гирифтааст, ба гузориши солонаи худ, ки мутобиқи моддаи 24 таҳия мегардад, ворид намояд. Бо хоҳиши Давлати дахлдори узв Кумита метавонад ҳамчунин нусхаи маърӯзаи мутобиқи банди 1 ҳамин модда пешбинигардидаро ворид намояд.

Моддаи 19-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NotortureTj