Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар нимсолаи аввали соли 2024 Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии (ГЁҲ) Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа, роҳандозии мурофиаҳои судии стратегӣ, ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, омода намудани мавод барои ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ ва гузоришҳои алтернативӣ ба мақомоти СММ, инчунин дар доираи муколамаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳуқуқи инсон идома дод.
Ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ба Эътилоф имкон медиҳад, ки дар бораи вазъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишвар маълумоти мустақим ба даст орад ва гузаронидани мурофиаҳои судии стратегӣ бошад, ба ташаккули таҷрибаи истифодаи меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа, инчунин таҷрибаи пардохти ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 аз ҷониби котиботи ГЁҲ 8 шикоят оид ба масоили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, ки аз онҳо 4 шикоят нисбати мардон, 1 шикоят нисбати занон ва 3 шикоят нисбати ноболиғон мебошад. Кор аз рӯйи панҷ ҳолати солҳои гузашта идома ёфтааст.
Ҳолатҳои асосии нақзи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни боздошт ва тафтишот муайян карда шудаанд: боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона, зӯроварии ҷисмонӣ дар шакли латукӯб, шиканҷа бо қувваи барқ, таҳдиди таҷовузи қурбонӣ ва/ё аъзои оила, тарсонидан аз ҳабс, фишори равонӣ.
Шиканҷа ва муносибати бераҳмона барои ба даст овардани эътирофи гуноҳ, ҷазо барои содир кардани кирдори муайян ё ҳамчун чораи оромкунӣ ва пастзании шаъну эътибори шахсӣ истифода шудааст.
Синну соли асосии қурбониён дар давраи ҳисоботӣ 22-34-сола (4 нафар), аз 34-сола боло - 1 нафар ва 3 нафар ноболиғон будаанд.
Муроҷиатҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати мақомоти зерин ворид шудаанд: ВКД - 6, Агентии мубориза бо коррупсия - 1, АКН-1.
Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ 40 машварати шифоҳии ҳуқуқӣ дода шуда, 9 вохӯрӣ бо адвокатҳо ва 1 роҳнамоӣ ба Прокуратураи генералӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ гузаронида шудааст. 20 ҳуҷҷати хаттии мурофиавӣ тартиб дода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 13 мониторинги мурофиаҳои судӣ аз рӯйи се парванда гузаронида шудааст.
Мушоҳидаҳои асосӣ инҳо будаанд: аз рӯйи ариза дар бораи санҷиши прокурорӣ мақомоти прокуратура муҳлат ва тартиби қабулу санҷиши аризаро дар бораи ҷиноят нақз кардаанд; мурофиаҳои зиёди судӣ бо таъхири тӯлонӣ оғоз ёфтаанд; судяҳо дар мурофиаҳои судӣ бо зангҳои телефонӣ ва суҳбатҳо бо дигар кормандони суд, ки ба мурофиаҳо алоқаманд нестанд, андармон мешаванд; дастрасӣ ба бинои суд барои маъюбон ва шахсони камҳаракат маҳдуд буда, пандус ва лифтҳо вуҷуд надоранд; аз рӯи як қатор дархостҳои адвокатҳо, судяҳо бар хилофи қонуни мурофиавӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ қабули қарорҳоро то ҷаласаи навбатии суд мавқуф гузоштаанд; нобаробарии иштирокчиён: айбдоркунандаи давлатӣ (прокурор), котиб ва кормандони милитсия телефони худро дар толори суд истифода мебурданд, дар ҳоле ки дигар иштирокчиёни суд ҳангоми ворид шудан тафтиш карда шуда, дар рафти он телефонҳои мобилӣ ва дигар асбобҳо мусодира карда шуданд. Сумкаҳои адвокатҳо низ мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Инчунин, дар нимсолаи аввали соли 2024 бо ҳуқуқшиносон 9 вохӯрии машваратӣ гузаронида шуд, то стратегияҳо дар марҳилаҳои гуногуни мурофиаи ҷиноятӣ вобаста ба парвандаҳои ГЁҲ муҳокима карда шаванд.
Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ 7 парвандаи стратегиро назорат мекунад, ки 2-тои он парвандаҳои солҳои қаблӣ мебошанд.
ГЁҲ мушкилоти асосии дар давраи ҳисоботӣ муайяншударо қайд кард:
- Аз адвокатҳо барои ифшо накардани маълумоти тафтишоти пешакӣ тибқи моддаи 177-и КМҶ ҶТ ва 361-и КҶ ҶТ забонхат мегиранд, ки ғайриқонунӣ мебошад. Ин имкон намедиҳад, ки ГЁҲ барои мониторинги ҳолатҳои ҳуҷҷатгузоришуда маълумоти пурраву асоснок ба даст орад.
- Дар давраи ҳисоботӣ ГЁҲ ба ҳолатҳои дасткашии ҷониби ҷабрдидагони шиканҷа ва хешовандони онҳо аз шикояти минбаъда нисбати амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар марҳилаҳои гуногуни баррасии парванда дучор омад.
- Таъмин нашудани чораҳои бехатарӣ барои қурбониёни шиканҷа ва шоҳидони асосӣ.
- Адвокатҳо аз дастрасии фаврӣ ба зерҳимояи худ маҳруманд, маъмурияти СИЗО иҷозати хаттии ҳатмии муфаттишро талаб мекунад.
- Ба гумроҳӣ бурдан ва ё фиреби боздоштшудаҳо бо ваъдаи зуд озод шудан дар сурати додани нишондоди худиқрорӣ.
- Беасос кашол додани тафтиши пешакӣ аз рӯйи далелҳои шиканҷа.
- Ба эътибор нагирифтани дархости адвокатҳо дар бораи гузаронидани амалиёти тафтишотии иловагӣ аз ҷониби муфаттишон.
- Дар баъзе мавридҳо, адвокатҳое, ки бо шиканҷа сарукор доранд, аз тарси фишор нисбаташон аз нишон додани ташаббуси иловагӣ меҳаросанд.
Мутахассисони ГЁҲ инчунин тамоюлҳои мусбатро қайд мекунанд:
- Нисбати се корманди ШВКД-и шаҳри Хуҷанд бо моддаи 316, қисми 3 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
- Таҷрибаи пешниҳод кардани даъво ба судҳои тобеияти гуногун барои рӯёнидани зарари маънавӣ идома дорад.