Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»
(Матолиби иштирокчиёни семинар)
Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.
Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.
“Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019 - 2022 дар доираи ваколатҳои худ корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Аз ҷумла, дар давраи соли 2020 бо мақсади ташаккули мафкураи зиддикоррупсионии кормандони мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва фаъолнокии шаҳрвандон дар ҷараёни муқовимат ба коррупсия дар вазорату идораҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа суҳбату вохӯриҳо доир намуда, дар ин раванд оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба шиканҷа зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, мунтазам таъкид мегардид.
Бояд қайд намуд, ки зимни пешбурди фаъолияти корӣ аз тарафи кормандони масъули Агентӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои мурофиавии дастгиршудагон (ҳабсшудагон), аз ҷумла таъмини бетаъхири ҳимоятгар риоя гардида, нигоҳдории онҳо дар Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии мақомоти Агентӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда” ба роҳ монда шудааст.
Дар давраи зикршуда аз ҷониби кормандони Агентӣ дар рафти фаъолияти хизматӣ ба истифодаи шиканҷа ва дигар намуди муносибати бераҳмона нисбати шаҳрвандон роҳ дода нашудааст.
Раванди иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019 – 2022 идома дошта, аз натиҷаи он дар муҳлати муқарраршуда ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ахборот манзур мегардад.
Нозири калони Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани адлия, Акрамзода Ё.А.”
Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.
Матлаби мазкур дар доираи семинари омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.