Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тоҷикистониёни азизро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯяд! Орзу дорем, ки Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамеша дар фазои сулҳу оромӣ партавафшон бошад!            

24.11.2024 - 12:19

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиати, сокини шаҳри Душанбе Киромова М.Б. аз кирдорҳои ғайриқонунии кормандони ниҳоди корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоилии Сомонии шаҳри Душанбе, махсусан аз болои амалҳои нозирони минтақавии №5 нисбати фарзанди ноболиғаш шикоят дорад, ба қайд гирифт. Ӯ дар ин маврид ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи...

22.11.2024 - 19:48

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. Савол: Байни гарав ва ҷарима фарқият ҳаст? Посух: Бале, байни гарав ва ҷарима фарқият вуҷуд дорад. Моддаи 109-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки гарав аз супоридани маблағ ба депозити мақомоти тафтишот ё судӣ...

21.11.2024 - 11:02

15-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд чорабинӣ бо адвокатҳои маҳаллӣ дар мавзӯи “Таҳияи стратегия оид ба парвандаҳои шиканҷа: мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо” баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи Ҳуқуқ" дар доираи лоиҳаи «Муқобилият бо шиканҷа дар Тоҷикистон - Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шаканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Дафтари...

20.11.2024 - 13:22

19-уми ноябри соли 2024 ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, барои аҳолии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд. Чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати...

19.11.2024 - 12:00

Хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ барои ҳар як сарбоз бояд аз муоинаи тиббӣ оғоз шавад. Духтур бояд картаи амбулатории даъватшавандаро омӯзад ва боз якбор ба шикоятҳои даъватшаванда оиди саломатиаш гӯш андозад. Дар қисмҳои ҳарбӣ барои ҳар як сарбоз картаи тиббӣ кушода мешавад, ки дар он ҳама натиҷаҳои муоинаи тиббӣ қайд карда мешаванд. Барои духтурони қисмҳои ҳарбӣ аз ҳама зарураш дар он аст, ки...

18.11.2024 - 10:06

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тоҷикистониёни азизро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯяд! Дар навбати аввал мехоҳем бо ин ҷашн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро табрик гӯем ва барои сулҳу саҳми арзандаашон дар рушди кишварамон изҳори сипос намоем!  

16.11.2024 - 15:58

Хизматчиёни ҳарбӣ категорияи махсуси шаҳрвандонро ташкил медиҳанд. Хизмати онҳо бо талаботҳои махсус, маҳдудиятҳо ва душвориҳои муайяне алоқаманд аст, ки барои иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ заруранд. Мутобиқи моддаи 373 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо» он...

15.11.2024 - 10:00

13-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе нишасти мутахассисон оид ба “Дастрасӣ ба адолат ва ёрии ҳуқуқӣ: Андешаҳо оид ба пешрафти ёрии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони  ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла, ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон низ иштирок ва баромад намуданд. Дар баробари дигар намояндагони ҷомеъаи...

14.11.2024 - 14:29

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат барои чӣ ва аз тарафи кӣ истифода бурда мешавад? ПОСУХ: Забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат дар гирифтани уҳдадории хаттӣ аз гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда дар...

14.11.2024 - 10:23

Страницы