Article Pages

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат барои чӣ ва аз тарафи кӣ истифода бурда мешавад? ПОСУХ: Забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат дар гирифтани уҳдадории хаттӣ аз гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда дар...

14.11.2024 - 10:23

Рӯзи 13-уми ноябр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Самтҳои асосии фаъолият дар мавриди офиятбахшии иҷтимоии маҳкумшудагон ва системаи баҳодиҳии хатарҳо, инчунин гурӯҳбандии маҳкумшудагон барои ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ» баргузор гардид. Мақсади асосии чорабинӣ табодули маълумот оид ба фаъолиятҳо оид ба дастгирии офиятбахшии иҷтимоии маҳкумшудагон аз ҷумла барои терроризм...

13.11.2024 - 14:03

Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар як сол ду маротиба — яъне аз 1-уми апрел то 31-уми май ва аз 1-уми октябр то 30-уми ноябр дар асоси Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар воситаҳои ахбори омма на дертар аз як моҳи оғози даъват чоп мешаванд, ба роҳ монда мешавад. Хабардоркунии шаҳрвандон дар бобати даъват ба хизмати ҳарбӣ тавассути даъватномаҳо (повесткаҳо) амал мегардад, ки...

12.11.2024 - 10:12

11-уми ноябри соли 2024 ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, барои аҳолии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд. Чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати...

11.11.2024 - 11:11

Саида Иноятова аз ташкилоти ҷамъиятии Лигаи занони маъюби «Иштирок» зимни Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар мавзӯи «Пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқҳои занони дорои маъюбият дар Тоҷикистон» баромад намуд. Ӯ дар суханронии худ қайд кард, ки дар ҷаҳон 15 дарсади аҳолӣ, яъне беш аз 1...

11.11.2024 - 10:20

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кормандони мақомоти корҳои дохилии кишварро бо иди касбиашон - Рӯзи милитсияи тоҷик табрик мегӯяд! Ба кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар саломатӣ ва дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, барои истодагарии бошарафонаашон дар ҳимояи тартиботи ҳуқуқӣ бурдборӣ хоҳонем!        

10.11.2024 - 09:55

Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чорабиниҳои зеринро доир намуд: Маъракаи иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!» Аз 1-уми июн [1] то 6-уми ноябри соли 2024 бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди...

08.11.2024 - 15:53

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Кӣ бояд наздикони боздоштшударо дар бораи боздошти ӯ огоҳ кунад? ПОСУХ: Дар бораи боздошти шахс ва маҳали қарордоштаи боздоштшуда ё тағйир ёфтани маҳали қарордорӣ мақомоти боздошткунанда, ки истеҳсолоти судии ҷиноятиро пеш мебарад ва...

07.11.2024 - 12:05

Дар раванди Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, сухангӯи муколама Алишер Ҳайдаров оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши адвокатураву фаъолияти адвокатӣ дар кишвар изҳори назар кард. - Бо қабули Конститутсия аз 6-уми ноябри соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама...

07.11.2024 - 11:48

1) муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан бинобар вазъи саломатӣ - ба муҳлати то 6 моҳ; 2) нигоҳубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд; 3) таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи...

07.11.2024 - 10:19

Страницы