Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.
Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
Дар вохӯрии кории «Ҳимояи ҳуқуқҳои асосӣ: озодӣ аз боздошти худсарона, механизмҳои ҳимоя дар доираи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», ки 31-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Темур Ҳафиззода, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши судҳо дар пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона маърӯза кард. «Судҳои Тоҷикистон ба масоили пешгирии шиканҷа ва...
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад.
Дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунро мунтазам иҷро накардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси миллӣ метавонад онро пароканда намояд.
Мақомоти намояндагӣ ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар он ҳудуд ҳатмист (22 майи соли 2016). Дар сурати бо Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомоти намояндагӣ ва раис онҳо аз тарафи мақомоти болоӣ, худи ин мақомот, раис ва ё суд бекор карда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд (22 майи соли 2016). Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ раис сарварӣ мекунад (22 майи соли 2016). Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд...
Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст. Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва...
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд (22 майи соли 2016).
Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.