Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар вохӯрии кории «Ҳимояи ҳуқуқҳои асосӣ: озодӣ аз боздошти худсарона, механизмҳои ҳимоя дар доираи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», ки 31-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Темур Ҳафиззода, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши судҳо дар пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона маърӯза кард.
«Судҳои Тоҷикистон ба масоили пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Аз ҷумла, аз ҷониби Суди Олӣ қарори Пленум «Дар бораи татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқи меъёрҳои Конститутсияи ҶТ ҳангоми амалисозии адолати судӣ”аз 29-уми сентябри соли 2014 қабул карда шуд, ки дар он ба судҳо ва мақомоти тафтишотӣ оид ба татбиқи қонунгузорӣ, ки масъулият барои истифодаи шиканҷаро муқаррар мекунад, тавзеҳоти дахлдор дода шудааст”,- қайд кард Темур Ҳафиззода.
Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, дастури амалии “Шиканҷа - ин ҷиноят аст” таҳия шудааст, ки дар он масъалаҳои ошкор кардани ҳолатҳои шиканҷа, тартиби пешниҳоди аризаҳо оид ба шиканҷа ба судҳо ва роҳҳои ҳалли ин масъалаҳо дарҷ гардидааст.
Инчунин, ин масъала ба барномаи таълимии Маркази таълимии назди Суди Олӣ ворид карда шудааст, ки судяҳо дар давоми ду сол як маротиба ду ҳафта бо мақсади такмили маҳорати илмию амалӣ аз давраҳои омӯзишӣ мегузаранд.
«Дар баробари ин, дар семинарҳои амалӣ охири ҳар моҳ бо иштироки судяҳо масъалаҳои истифодаи шиканҷа ва мушкилоте, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, пешниҳоди аризаҳо оид ба шиканҷа ба миён меоянд, баррасӣ мегарданд ва роҳҳои ҳалли онҳо, ки қонун муқаррар кардааст, муайян карда мешаванд»,- гуфт маърӯзачӣ ва илова намуд, ки меъёри конститутсионӣ, ки ягон кас набояд дучори шиканҷа, муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ гардад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шиканҷа (моддаи 143, эзоҳи 1 КҶ ҶТ) ворид аст.
Темур Ҳафиззода ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати шикоят аз истифодаи шиканҷа ё муносибати бераҳмона ҳангоми мурофиаи судӣ, суд барои баррасии фаврии он чораҳои пешбининамудаи қонунро меандешад. Агар барои пурра санҷидани шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа андешидани чораҳои берун аз салоҳияти суд (гузаронидани тафтиш ё таҳқиқ ва ғайра) зарур бошад, суд таъинот мебарорад, ки он бо гузаронидани санҷиши дахлдор ва бо нишон додани муҳлати ба суд ирсол намудани маводи тафтишот ба зиммаи прокурор гузошта мешавад. Маводҳои тафтиши шикоят ва қарорҳои аз рӯйи он қабулшуда дар маҷлиси суд эълон ва ба парванда замима карда мешаванд.
«Дар баробари ин, агар ҳангоми баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суд муайян карда шавад, ки далелҳо бо истифода аз шиканҷа, муносибати бераҳмона, зӯроварӣ, таҳдид, фиреб ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, пас тибқи моддаи 88-и КМҶ ҶТ ғайри қобили қабул дониста мешаванд»,- гуфт маърӯзачӣ.
Пурсишгар, муфаттиш, прокурор, судя далелҳоро вобаста ба истифодаи шиканҷа ё муносибати бераҳмона ғайри қобили қабул эътироф намуда, дар доираи салоҳияти худ барои таъмини масъулияти дахлдори шахсоне, ки ба истифодаи онҳо роҳ додаанд, чораҳо меандешанд.
"Далелҳое, ки ғайри қобили қабул дониста шудаанд, беэътибор дониста мешаванд ва наметавонанд ҳамчун асоси айбнома истифода шаванд",- зикр намуд маърӯзачӣ.