Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Созмони байнулмилалии ғайридавлатии Human Rights Watch (HRW) ё худ Созмони Дидбони ҳуқуқи башар аз ҳукуматдорони Молдова даъват кард, ки аз истирдоди мухолифи фаъоли тоҷик Собир Валиев ба Тоҷикистон худдорӣ варзанд.
Дар изҳороти рӯзи душанбе интишоршудаи HRW дар ин робита зикр мегардад, ки ҳукумати Молдова набояд С.Валиевро ба ихтиёри Тоҷикистон диҳад, зеро дар он ҷо метавонад ӯро истифодаи имконпазири шиканҷа ё кирдори бераҳмона интизор бошад.
Гуфта мешавад, муовини раиси созмони сабтиномнашудаи «Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон» Собир Валиев бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон рӯзи 11 августи соли равон қабл аз парвоз ба Истамбул дар фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Кишинёв боздошт шуд.
Дар изҳорот таъкид мешавад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон Валиевро дар фаъолияти ифротгароӣ муттаҳам медонанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи созмон бар ин назаранд, ки ин айбномаҳо «ангезаи сиёсӣ» дошта, ӯ ба «фаъолияти осоиштаи сиёсӣ» машғул буд.
«Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон мушкилоти истифодаи шиканҷа ҷой дорад ва ҳукуматдорони ин кишвар ходимони мухолифи сиёсиро фаъолона таъқиб мекунанд, - гуфтааст директори шуъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии HRW Хю Уилямсон. - Молдова оид ба барнагардонидани инсон ба кишваре, ки дар он ҷо ӯ метавонад ба шиканҷа ё кирдори бераҳмона гирифтор шавад, уҳдадор аст ва бояд ҳамаи уҳдадориҳои байнулмилалиашро риоя намояд».
Дар изҳорот қайд мешавад, ки барои ба даст овардани эътирофи гуноҳҳо мақомоти дахлдори Тоҷикистон бисёр вақт аз шиканҷа истифода мекунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки оид ба истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон нисбати афроди марбут ба гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ HRW маълумоти сершумори боэътимод дар даст дорад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11 август сиёсатмадори мухолифи тоҷик, муовини раиси созмони сабтиномнашудаи «Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон» Собир Валиев дар фурудгоҳи байнулмилалии пойтахти Молдова - шаҳри Кишинёв боздошт шуд.
Қаблан адвокат Светлана Мазур гуфта буд, Собир Валиевро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 307 (1) қ. 2 ва 307 (2) қ. 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳкор медонанд. Ӯ қайд кардааст, ки Валиев замони нияти сафар доштан ба Истамбул боздошт шудааст.
Ба гуфтаи адвокат, Валиев моҳи март дар қаламрави ИДМ таҳти пайгарди қонунӣ эълон шудааст. Баъди мавриди ҷустуҷӯ эълон шудан, ӯ ба Молдова омада, ҳудуди се моҳ ин ҷо иқомат доштааст.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Дафтари муҳоҷират ва гурезагони назди ВКД Олга Поалелунж дар ин робита изҳор доштааст, ки Собир Валиев дар қаламрави ИДМ аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст. «Ӯро боздошт намуда, маводҳоро ба прокуратураи генералӣ доданд ва қарори истирдод шудан ё нашудани ӯро ин мақомот қабул мекунад. Агар шахс мавриди ҷустуҷӯи байнидавлатӣ эълон шуда бошад, мо ба ҷузъиёти масъала дахл накарда, ин шахсро ба ихтиёри прокуратура месупорем», - гуфтааст Поалелунж.
Дар Прокуратураи генералии Молдова хабар додаанд, ки ҳуҷҷатҳои аслӣ дар бораи истирдод аз Тоҷикистонро мунтазиранд.
Ҷониби ҳимояи мухолифи тоҷик чунин мешуморад, ки истифодаи тартиби истирдод ғайриимкон аст, зеро ҷиноятҳое, ки ба он Валиевро мутттаҳам мекунанд, аз ҷумла ифротгароӣ, «дар Кодекси ҷиноии Молдова пешбинӣ нашудааст».
Ҳамсафони Собир Валиев бар ин назаранд, ки айбдоркунӣ дар фаъолияти ифротгароӣ ангезаи сиёсӣ дошта, ба методҳои бидуни зӯроварии муборизаи худ исрор меварзанд ва аз созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ даъват кардаанд, ки ба истирдоди Валиев ба Тоҷикистон, ки «дар он ҷо ба солимиву ҳаёти ӯ хатар вуҷуд дорад», роҳ дода нашавад.
Раиси «Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон»Додоҷон Атовуллоев, ки дар шаҳри Берлин иқомат дорад, дар ин робита изҳор намудааст, ки тамоми сиёсатмадорони мухолифро дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ ва фаъолияти зиддиҳукуматӣ айбдор мекунанд. «Ҳар касе, ки ҳукуматро танқид мекунад, тағйироту ислоҳоти демократӣ талаб мекунад, алайҳи коррупсия, қавмгароӣ (трайбализм) ва президенти абадӣ садо баланд мекунад, ба «рӯйхати сиёҳ»-и хадамоти махсуси Тоҷикистон меафтад», - гуфтааст ӯ.
Собир Валиеви 27-сола ҳамчунин муовини раиси кунунии «Гурӯҳи 24» Шарофиддин Гадоев низ мебошад. Пешвои пешини ҳаракат Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд. То замони кушта шудани ӯ низ Тоҷикистон аз Туркия истирдоди Қувватовро талаб мекард.
Аз соли 2008 Собир Валиев шаҳрванди Қирғизистон буда, ҳамон замон аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашида буд.