Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 8-уми октябр дар шаҳри Хуҷанд дар ШТР «Азия» дар мавзуи «Нақши нозирони халқӣ дар мубориза бо шиканҷа» ток-шоу доир гардид, ки баргузории он дар доираи лоиҳаи «Нақши мардум дар мубориза бо шиканҷа»-и Кумитаи Норвежии Ҳелсинки дастгирӣ ёфтааст.
Дар ток-шоу 35 нафар, аз ҷумла намояндагони РВКД дар вилояти Суғд, прокуратураи вилоят, бахши СРИҶҶ дар вилояти Суғд, Гарнизони ҳарбии Хуҷанд, коллегияи вилоятии адвокатҳо, инчунин нозирони халқӣ, судяҳо, донишҷӯёну рӯзноманигорон иштирок карданд.
Иштирокчиёни ток-шоу чӣ будани шиканҷа, механизмҳои миллии мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ, меъёрҳои миллӣ ва байналмилалии қонунгузорӣ оид ба роҳ надодани истифодаи шиканҷаро баррасӣ намуданд.
Ҳозирин ҳамзамон оид ба фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, инчунин дар мавриди нақши институти нозирони халқӣ дар мубориза бо шиканҷа маълумот гирифтанд.
Доираи фарогирии ШТР «Азия» ҳадди ақал 500 ҳазор сокинони вилояти Суғдро ташкил медиҳад.