Хуҷанд: Зиёда аз 50 нафар дар намоиши аксҳо ба хотири дастгирии қурбониёни шиканҷа иштирок карданд

Намоиши аксҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа рӯзи 22-юми июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Чорабиниро «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» - ташкилоти узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон доир намуд.

Дар намоиши аксҳо 18 қиссаи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишвар, ки дар ҷоме сарусадои зиёд ба бор оварда буданд, пешниҳод карда шуданд.

Дар чорабинӣ ҳудуди 50 нафар - намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Коллегияи адвокатҳо, Раёсати адлияи вилояти Суғд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Суғд, рӯзноманигорон, донишҷӯён ва волонтёрҳо иштирок карданд.

Дар расми кушодашавии чорабинӣ адвокати ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» Дилафрӯз Самадова бо миннатдорӣ аз ҳузури иштирокчиён оид ба бандубасти намоиши аксҳо, ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа, санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки истифодаи шиканҷаро манъ мекунанд, суханронӣ намуд.

Баъд аз ин иштирокчиён филми мустанади «Тоҷикистон бо шиканҷа мубориза мебарад» («Таджикистан борется с пытками»)-ро тамошо карданд.

http://notorturetj.org/tj/video/tochikiston-davlat-bo-shikancha-muboriza-mebarad

Навори видеоии чорабиниро инҷо метавон тамошо кард:

https://www.facebook.com/officeofcivil/videos/453049472185938/

Мусоҳибаи Дилафрӯз Самадоваро бо оҷонсии «Азия-Плюс» инҷо метавон мутолиа намуд:

 https://news.tj/ru/news/tajikistan/society/20190624/v-hudzhande-predstavili-20-fotoistorii-zhertv-pitok?fbclid=IwAR3ELeiYZ3ITje0x0c3knkZvXO4AriJsI5VaaIWW2LgEkUXaqOSVo52rf7U

NoTorture.Tj