HUMAN RIGHTS TALK «Кӯшиши донистан – оид ба ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа!»

ТАВАҶҶУҲ: QUIZ!

HUMAN RIGHTS TALK «кўшиши донистан – оид ба ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа!»

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам!
#ЯзаИскоренениеПыток
!

#IamForTheEliminationofTorture!

Намедонед рўзи 11-ум ба чӣ кор машғул шавед? Пас онро якҷоя бо мо гузаронед. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа QUIZ ташкил мекунад ва дўстдорони бозиҳои зеҳниву тамоми хоҳишмандонеро, ки мехоҳанд вақтро бо мо пурсамар гузаронанд, даъват менамояд. Шуморо викторинаи ҷолиб, доираи хуби ҳамсуҳбатон ва кофе-брейки болаззат интизор аст.

Барои иштирок корҳои зеринро иҷро кардан лозим аст:

1.     Бознашри матлаби мазкур аз саҳифи Эътилоф дар Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

2.     Гирдоварии командаи иборат аз 5-6 нафар.

3.     Омадан ба Parking (к. Шотемур, 42) 11-уми майи соли 2021, соати 18:00.

4.     Фаъол будан ва кўшиши ғалаба кардан, зеро ғолибонро туҳфаҳои хуб интизоранд.

Агар суолҳои иловагӣ доред, метавонед тариқи рақамҳои 906993300 ва 988242724 занг занед ё дар телеграмм нависед.

Имконияти худро аз даст надиҳед ва он шуморо аз даст намедиҳад! 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз ҳама иттилооту иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Теллеграмм: http://t.me/notorturetj

Инстраграмм: notorture.tj

Маълумот: ба ҳайси барандагон аъзои гуруҳи ташаббускори ҷавонон «ҲРУ - Тоҷикистон» (ГТҶ ҲРУ)-и назди ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, баромад мекунанд.

Мақсади чорабинӣ: ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба мавзуи озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин дастгирии қурбониёни шиканҷа.

Натиҷаҳои дарназарбуда: коркарди таҳаммулпазирии сифрӣ ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона миёни ҷавонон.

Барои гузаронидани чорабинӣ аз ҷониби Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дастгирии молиявӣ расонида шудааст.

NoTorture.Tj