Article Pages

Санаи 16-уми январи соли 2020 тарафи айбдоркунӣ ва ҳимоя дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба парвандаи кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода ҷамъ омада буданд. Дар ин рӯз мурофиаи судӣ дар қисмати эълони ҳукм баргузор гардид. Аммо ғайричашмдошт, аз ҷониби судяи Суди Олии ҶТ Салимзода Ю. таъинот дар бораи баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи генералии ҶТ бинобар ҷой...

03.02.2020 - 21:27

Муроҷиати шаҳрвандон ба Прокуратураи генералӣ вобаста ба ҷой доштани шиканҷа дар мақомоти тафтишоти пешакӣ се маротиба кам шудааст. Дар ин бора 28-уми январ прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, соли 2018 ба Прокуратураи генералӣ 48 адад муроҷиат вобаста ба шиканҷа ворид шудаааст, аммо дар соли 2019 бошад...

29.01.2020 - 12:48

Рӯзи 22-юми январи соли 2020 бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе ҳукми Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 17-уми октябри соли 2019 нисбати адвокат Абдулазиз Абдураҳмонзода бетағйир мононда шуд. Ба иттилои раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов, танҳо дар қисми ҷазои таъиншуда (ҷарима ба маблағи 20075 сомонӣ) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар...

27.01.2020 - 22:51

Модари як сарбоз иддао дорад, писарашро дар Артиш ба ҳаде азият кардаанд, ки тавони сӯҳбат надорад, вале мақомт мегӯянд, писари ин зан афтодааст ва ҳоло табобат мешавад. Ҳалима Мирова, модари як сарбоз ду моҳи ахир дар роҳи ноҳияи Айнӣ ва Душанбе саргардон аст. Ӯ барои аёдати писараш, ки дар беморхонаи рӯҳӣ бистарӣ аст, меояд. Ба иддаои ин модар, писари 23 солаашро ду моҳи пеш ба хизмат...

25.01.2020 - 09:25

Эраҷ Наимов, маъмури пешини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар шиканҷаи сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоров ба ҳабс гирифтаанд. Ду муфаттиши собиқ низ бо айни иттиҳом дар боздоштанд. Ҳасан Ёдгоров, сокини 36-солаи шаҳри Турсунзода, мегӯяд, бо айби Эраҷ Наимов ва ду ҳамроҳи дигараш 8 моҳ ҳамчун қотил дар боздошт буд. Вай иддао дорад, ки зери шиканҷа, аз...

19.01.2020 - 17:39

Ду сокини шаҳри Норак, бародарон Набиевҳо, мегӯянд, онҳро аз рӯи қазияи шиканҷа шуданашон ба додситонӣ даъват кардаву баёнот гирифтаанд. Ба гуфтаи ин ду нафар, онҳо дар арафаи соли нав аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Фирдавсӣ дастгир ва латту кӯб шуданд. Нисбат ба бародари дигари онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ ахиран бо як иттилояи расмӣ ба иддаои ин хонавода...

13.01.2020 - 13:16

Як сокини шаҳри Норак иддао дорад, ки маъмурони милисаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шаби 31-уми декабри соли 2019 се писарашро боздошту шиканҷа кардаанд. Бибиҷон Назарова гуфт, он шаб писаронаш Парвиз, Орзу ва Алишер Набиевҳо барои таҷлил аз соли нав аз Норак ба Душанбе омада буданд. Мақомот иддаои шиканҷа шудани бародаронро рад карда, гуфтанд, ки онҳоро ҳамчун гумонбар дар шуъбаи корҳои дохилӣ...

10.01.2020 - 17:20

Равшан Азизов, сокини 21-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, баъд аз ду моҳи даъват ба артиш ва хидмат дар қисми "0438"-и нирӯҳои марзбонӣ дар шаҳри Хоруғ бар асари беморӣ даргузаштааст. Мақомот мегӯянд, ӯ саратони гулӯву бинӣ буд. Пайвандонаш иддао доранд, ки Равшан Азизов пеш аз рафтан ба артиш ҳеч дард надошт ва зоҳиран дар шароити, ба гуфтаи онҳо, бади хидмат мариз шудааст....

05.01.2020 - 20:27

2-юми январи соли 2020 дар Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба моддаи 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ қабул карда шуданд, ки ҷазо барои истифодаи шиканҷаро пурзӯр мекунанд. Акнун ҳукм аз рӯи қисми 1-и моддаи мазкур аз 5 то 8 сол, аз рӯи қисми 2 аз 8 то 12 сол ва аз рӯи қисми 3 то 15 соли маҳрум кардан аз озодӣ боло меравад. Тағйироту иловаҳои мазкур мутобиқ ба тавсияҳои Кумитаи зидди...

02.01.2020 - 23:12

Ҳамкорон, дӯстон ва шарикони муҳтарам! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо бо фарорасии Соли нави 2020 табрик мегӯяд! Бигузор ин Соли нав соли лоиҳаҳои ҷолиби нав, дастовардҳои якҷояи нав ва муваффақиятҳо бошад! Бигузор ҳамкориҳои мо роҳҳову имкониятҳои навро боз намоянд! Соли оянда соли беҳбудӣ ва ғолибиятҳои намоён хоҳад буд! Соли нав соли умеду...

01.01.2020 - 23:53

Страницы