Прокуратура: Шиканҷа кам шудааст

Муроҷиати шаҳрвандон ба Прокуратураи генералӣ вобаста ба ҷой доштани шиканҷа дар мақомоти тафтишоти пешакӣ се маротиба кам шудааст.

Дар ин бора 28-уми январ прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2018 ба Прокуратураи генералӣ 48 адад муроҷиат вобаста ба шиканҷа ворид шудаааст, аммо дар соли 2019 бошад, ин теъдод то 14 адад расидааст.

— Вобаста ба шиканҷа соли гузашта ду парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 7 нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бар асоси ҳукми суд маҳкум ба зиндон гардиданд, — гуфт Юсуф Раҳмон.

Faraj.tj