Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар доираи семинари омӯзишӣ, ки рӯзҳои 29-30-юми августи соли 2022 дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба иштиродорон пешниҳод шуд, то ин ки оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матлаби иттилоотӣ омода намоянд. Дар ин силсиламатолиб матлабҳоеро, ки иштирокдорони чорабинӣ омода кардаанд, пешкаши шумо мегардонем.
Банди 16, зербанди 1. Амалӣ намудан ва мониторинги Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021. Барномаи мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, меъёрҳо ва стандартҳои асосии байналмилалии адолат нисбат ба кӯдакон ва тавсияҳои дахлдор дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, ки аз ҷониби мақомоти оинномавии Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, равона карда шудааст.
Инчунин, Барномаи мазкур нисбат ба кӯдакони ба синни ҷавобгарии ҷиноятӣ расидае, ки ҳуқуқвайронкунӣ содир намудаанд, кӯдакони ба синни ҷавобгарии ҷиноятӣ нарасидае, ки кирдори ҷиноятиро содир намудаанд, инчунин, кӯдакони шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ, равона шудааст.
Дар асоси меъёрҳои қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои асосии барномаи мазкур аз инҳо иборат мебошад:
- таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва мониторинг дар низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон;
- коҳиш додани шумораи содиршавии ҷиноятҳои такрории кӯдакон бо роҳи вокуниши самаранок ба талаботи ҳар як кӯдак дар алоҳидагӣ;
- таъсис додани низоми нисбат ба кӯдакон некхоҳонаи адолати судӣ, ки ҳуқуқи онҳоро дар қонунгузорӣ ва амалия ҳифз намояд;
- таҳияи барномаҳои самаранок оид ба офиятбахшӣ ва ҳамгироии кӯдакон ба ҷомеа.
Барномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ иҷрои вазифаҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон;
- ташкили низоми некхоҳонаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, инчунин, таъмини муносибати сазовор нисбат ба кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъну эътибори онҳо;
- рушди хизматрасонӣ вобаста ба таъминоти иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ бо мақсади дастгирии самаранок ва мусоидат барои ҳамгироии бомуваффақияти кӯдакон ба ҷомеа баъди баромадан аз муассиса;
- рушд ва таъмини хизматрасонии иҷтимоӣ ва равонии кӯдаконе, ки шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ мебошанд.
Дар давраи амалӣ гардидани нақшаи амалҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, инчунин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ намуданд.
Амалӣ гардидани барномаи мазкур барои таъсиси низоми маҷмӯии адолати судӣ нисбат ба кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалҳои зерин имконият дод:
- мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ;
- омӯзонидани кормандони мақомот ва муассисаҳои давлатӣ вобаста ба риояи ҳуқуқҳои кӯдакон;
- ислоҳоти муассисаҳои махсусгардонидашудаи маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ бо мақсади ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани муносибат ва ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон;
- беҳтаргардонии иттилоотонии аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои адолати судӣ нисбат ба кӯдакон;
- таъсис додани низоми некхоҳонаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон.
Ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур якҷо бо он Нақшаи амалҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021 тасдиқ карда шудааст.
Дар нақшаи амалҳо чорабиниҳое пешбинӣ шудаанд, ки ҷиҳати ба талаботи ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ мутобиқ намудани самти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, равона карда шуданд.
Нақшаи амалҳо аз 5 қисмат иборат мебошад, ки онҳо ба фаъолияти ҳамоҳангсозӣ, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатии дахлдор, пешгирикунии ҳуқуқвайронкунӣ, тавонбахшӣ, ҳамгироии кӯдакони аз низоми адолати судӣ гузашта инчунин, ислоҳоти муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ барои кӯдакон бахшида шуданд.
Дар солҳои 2017-2021 ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур чорабиниҳои зиёди самаранок ва муҳиме гузаронида шуданд, ки онҳо ба ҳамоҳангсозӣ дар фаъолияти мақомоти давлатии низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, таҳлили қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, таҳлили шароити нигоҳдории кӯдакон дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ, таҳия ва қабули барномаҳо дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва тавонбахшию ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адоиҷазонамуда, инчунин ба фаъолияти мақомоти давлатии низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон ҷиҳати такмили ихтисоси кормандони онҳо равона шуда буданд.
Вобаста ба қисмати ҳамоҳангсозии барномаи мазкур бояд зикр кард, ки бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 августи соли 2017, №32/10-177 гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон таъсис дода шудаст.
Тибқи нақшаи амалҳо ҳамасола на кам аз ду маротиба ҷаласаҳои гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон баргузор гашта, дар 5 соли амалисозии барномаи мазкур 15 маротиба ҷаласаҳои гурӯҳи кории зикргардида ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар ҷаласаҳои мазкур ҷараёни иҷро ва мониторинги таҳлилии барномаи мазкур, таҳлили қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон, таҳия ва қабули барномаҳо дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва тавонбахшию ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адоиҷазонамуда, таҳлили шароити нигоҳдории ноболиғон дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ, баргузор намудани озмуни илмию маърифатӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои кӯдак ва адолати судӣ нисбат ба кӯдакон» байни кормандону омӯзгорони муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ, инчунин кӯдаконе, ки дар муассисаҳои мазкур нигоҳ дошта мешаванд, омӯзиши кӯтоҳ вобаста ба масъалаҳои равонии (психологӣ) гузаронидани мусоҳиба бо кӯдакон ва ғайра баррасӣ карда шуданд (бандҳои 1 ва 2 нақшаи амалҳо).
Бо мақсади таҳияи механизми ҷамъоварии маълумот нисбат ба кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2020, №5-45 гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
Аз ҷониби гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи Дастурамали механизми ҷамъоварии маълумоти оморӣ оид ба кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ таҳия карда шудааст. Айни замон лоиҳаи мазкур дар мувофиқаи байни вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад (банди 4 нақшаи амалҳо).
Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои хориҷи кишвар муайян намуд, ки дар доираи кишварҳои аъзои ИДМ ва Аврупои Шарқӣ дар заминаи платформаи интернетии “Трансмонӣ” (www.transmonee.org) - маҳзани маълумоти оморӣ ҷиҳати беҳдошти ноболиғону ҷавонон вобаста ба аҳолӣ, саломатӣ, маориф, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, адолати судӣ, ҷинояткории ноболиғону ҷавонон ва ғайра дар маҷмуъ бо зиёда аз 650 нишондиҳанда амал мекунанд, ки фаъолияти онро шуъбаҳои минтақавии ташкилоти махсусгардонидашудаи СММ оид ба кӯдакон пеш мебаранд.
Аз 650 нишондиҳандаҳои умумӣ дар самтҳои гуногуни некуаҳволии кӯдакон, тақрибан 10% онро нишондиҳандаҳо дар самти адолати судӣ нисбат ба ноболиғон ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад дар маҷмӯъ вобаста ба 12-15 нишондиҳанда маълумоти оморӣ ҷамъоварӣ менамояд, ки ба талаботи байналмилалӣ ва эҳтиёҷоти дохилии давлат ҷавобгӯй набуда, имрӯз ниёз ба созмон додани механизми ҷамъоварии маълумоти оморӣ оид ба кӯдакон, аз ҷумла вобаста ба кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ пеш омадаст.
Мавҷуд будани чунин механизм имкон медиҳад, ки мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ банақшагирии сиёсати ягонаи давлатӣ вобаста ба ноболиғону ҷавононро тарҳрезӣ намуда, ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ аз он ҳангоми навиштани лоиҳаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи иҷтимоӣ васеъ истифода баранд.
Банди 16, зербанди 2. Гузаронидани таҳлили қонунгузорӣ дар соҳаи адлияи ноболиғон ҷиҳати мутобиқати он ба Қоидаҳои стандартии ҳадди ақали СММ оид ба адолати судӣ нисбат ба ноболиғон (Қоидаҳои Пекин) ва Принсипҳои роҳбарикунандаи СММ оид ба пешгирикунии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон (Принсипҳои роҳбарикунандаи Риёз) ва Принсипҳои роҳбарикунандаи вобаста ба адолати судӣ ва масоили ба кӯдакон – қурбониёну шоҳидони ҷиноят тааллуқдошта
Таъмини адолати судӣ нисбат ба кӯдакон яке аз омилҳои асосӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба шумор меравад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои адолати судӣ нисбат ба кӯдакон диққати махсус зоҳир менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳои худ қайд менамоянд, ки наврасон барои рушди ояндаи миллату кишвар нақши муҳимро мебозанд ва ҳимояи кӯдакон вазифаи ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар ин ҷодда ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон дар ҷумҳурӣ ба дастовардҳои муайяне ноил гардидааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №322 Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2017-2021 (минбаъд – барномаи мазкур) қабул карда шудааст.
Таҳлили қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон яке аз чорабиниҳои муҳиме ба шумор меравад, ки дар натиҷаи он тавсияҳои дахлдор ҷиҳати такмил додани қонунгузорӣ ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои байналмилалии соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон таҳия карда мешаванд.
Дар ин раванд аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 таҳлили қонунгузории миллӣ вобаста ба мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалии соҳаи тавонбахшии кӯдакон дар низоми адолати судӣ, аз ҷумла кӯдакони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ва маҳдуд кардани озодӣ адоиҷазонамуда ва соли 2021 таҳлили қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон ҷиҳати мутобиқати он ба Қоидаҳои стандартии ҳадди ақали СММ оид ба адолати судӣ нисбат ба ноболиғон (Қоидаҳои Пекин), Принсипҳои роҳбарикунандаи СММ оид ба пешгирикунии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон (Принсипҳои роҳбарикунандаи Риёз) ва Принсипҳои роҳбарикунандаи вобаста ба адолати судӣ ва масоили ба кӯдакон-қурбониёну шоҳидони ҷиноят тааллуқдошта, гузаронида шуданд.
Вобаста ба қисмати такмили қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон зикр мекунем, ки аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (вобаста ба мӯҳлати боздоштан ва пурсиши ноболиғон) таҳия карда шуда, лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, 26 октябри соли 2021 ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур аз он иборат аст, ки дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми дастгир намудани гумонбаршудаи ноболиғ ва гузаронидани амалҳои тафтишотӣ бо иштироки шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршуда ва ё айбдоршавандаи ноболиғ хусусияти синну сол ба инобат гирифта нашудааст. Аз ҷумла мувофиқи муқаррароти Кодекси мазкур чи гумонбаршудаи болиғ ва чи ноболиғ аз лаҳзаи воқеан дастгир карда шуданаш фавран, вале на дертар аз 24 соат бояд пурсида шавад.
Аз ин рӯ, бо дар назар доштани хусусияти синну сол ва осебпазир будани мафкураи шахсони ноболиғ муҳлати пешбинишуда дар лоиҳаи қонуни мазкур нисбат ба ноболиғон то 12 соат кам гардид.
Дар баробари ин, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки шахсро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 92 аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Дар лоиҳаи қонуни мазкур ин муҳлат нисбат ба гумонбаршудаи ноболиғ то 48 соат кам гардид (банди 6 нақшаи амалҳо).
Мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур аз он иборат аст, ки дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми дастгир намудани гумонбаршудаи ноболиғ ва гузаронидани амалҳои тафтишотӣ бо иштироки шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршуда ва ё айбдоршавандаи ноболиғ хусусияти синну сол ба инобат гирифта нашудааст. Аз ҷумла мувофиқи муқаррароти Кодекси мазкур чи гумонбаршудаи болиғ ва чи ноболиғ аз лаҳзаи воқеан дастгир карда шуданаш фавран, вале на дертар аз 24 соат бояд пурсида шавад. Аз ин рӯ, бо дар назар доштани хусусияти синну сол ва осебпазир будани мафкураи шахсони ноболиғ муҳлати пешбинишуда дар лоиҳаи Қонуни мазкур нисбат ба ноболиғон то 12 соат кам гардид.
Дар баробари ин, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки шахсро бо асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 92 аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Дар лоиҳаи Қонуни мазкур ин муҳлат нисбат ба гумонбаршудаи ноболиғ то 48 соат кам гардид.
Инчунин дар қисмати мазкур баррасии масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими манъи ҷойгиркунии кӯдак дар тавқифгоҳҳои (изоляторҳои) интизомӣ ва ташхиси ҳатмии кӯдакон аз ҷониби кормандони тиббии мустақил ҷиҳати муайян намудани нишонаҳои зӯроварӣ, татбиқи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбат ба онҳо дар бар мегирад (банди 7 нақшаи амалҳо).
Вобаста ба ин, зикр мекунем, ки бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июли соли 2017 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Лоиҳаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 4 Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2019 оид ба татбиқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018, № 450 тасдиқ шудааст ва банди 2 Протоколи №37-14 ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2017 бо мақсади мукаммал гардонидани қонунгузории соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ба талаботи замони муосир мувофиқ намудани меъёрҳои он аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия гардид.
Дар навбати худ, дар лоиҳаи кодекси мазкур талаботи банди мазкур, тавсияҳои мақомоти оинномавии Созмони Милали Муттаҳид, маърузачиёни вижаи Созмони Милали Муттаҳид ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз узвият дар конвенсияҳо ва паймонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон бармеоянд, ба инобат гирифта шудааст.
Лоиҳаи Кодекси мазкур бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуда, бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, таҳти №21-6/303 ҷиҳати баррасии такрорӣ, такмил ва мавқуф гузоштани он то таҳия гардидани лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баргардонида шуд.
Дар баробари ин, 2 январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» қабул карда шудааст, ки тибқи он якҷо нигоҳ доштани кӯдакон бо калонсолон пурра манъ карда шуда, ҷиҳати муайян намудани нишонаҳои зӯроварӣ, татбиқи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдак аз ҷониби кормандони тиббии мустақил ташхиси ҳатмӣ гузаронида мешавад. Инчунин ҷойгиркунии кӯдак дар тавқифгоҳҳои (изоляторҳои) интизомӣ манъ карда шудааст (банди 8 нақшаи амалҳо).
Банди 16, зербанди 3. Такмили ихтисос ва баланд бардоштани савияи дониши касбӣ барои ҳайати кормандони муассисаҳое, ки дар онҳо ноболиғон дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд.
Ҷиҳати ба курси такмили ихтисос фаро гирифтани кормандони муассисаҳои шакли пӯшида қайд намудан зарур аст, ки дар давоми панҷ сол 16 нафар омӯзгор ва 4 нафар мураббиёни Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ба курсҳои баландбардории маҳорати касбӣ фаро гирифта шуданд.
Банди 16, зербанди 6. Ҷалби равоншиносон барои кор бурдан бо ноболиғон дар ҳамаи ҷойҳое, ки кӯдакон дар системаи адолати судӣ нигоҳдорӣ мешаванд
Вобаста ба иҷрои банди мазкур қайд намудан зарур аст, ки бо равошинос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ зарур мебошад.
Бо ин мақсад дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ воҳиди кории равоншинос таъсис дода шуда, айни ҳол 1058 нафар равоншинос фаъолият менамояд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 14 нафар, дар вилояти Хатлон 88 нафар, дар вилояти Суғд 728 нафар, дар шаҳри Душанбе 116 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 112 нафар фаъолият менамоянд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ташкили тренингҳо барои омода намудани психологҳои оилавӣ аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба, иттилоъ медиҳад, ки бо назардошти дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон аз 28.05.2020, №32 10-10 оид ба татбиқи барномаи «Рушди наврасон ва иштироки иҷтимоии онҳо» ҷиҳати гузаронидани валидатсияи тестҳои психологӣ ва семинарҳои омӯзишӣ барои психологҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ташабуси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ёрии психологӣ» дар ҳамкорӣ бо ҷалби омӯзгорони кафедраҳои психологияи муассисаҳои таълимӣ чорабинӣ ташкил намуданд.
Ба чорабинии мазкур, аз ҷумла омӯзгорони факултети психология ва кафедраи психология умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети психология ва кафедраи психологияи умумии Донишгоҳии давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудаанд.
Дар робита ба ин, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаҳои равоншиносию ҷомеашиносӣ чораандешӣ намуда, талаботи бозори меҳнатро ба кадрҳои соҳибкасб таъмин менамоянд.
Масалан, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯи ихтисоси психология мутахассис омода мекунанд. Дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳия Рашт, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аз рӯи ихтисоси равоншиносии амалӣ, таҳсилоти томактабӣ; равоншиносии амалӣ, психологияи муносибатҳои оилавӣ мутахассисони соҳаи равоншиносӣ тайёр карда мешаванд.
Дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯи ихтисоси психологияи умумӣ, психологияи иҷтимоӣ, психологияи педагогӣ ва дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯи ихтисоси психологияи ҳуқуқшиносӣ мутахассис омода карда мешавад. Ҳамзамон, аз рӯи ихтисоси сотсиология танҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутахассис тайёр менамоянд.
Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон «Дар бораи зуроварӣ дар оила» корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монда, корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд. Чунончӣ, бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аъзоёни Шӯрои уламои дин оид ба пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва ба суиқасди он даст задани шаҳрвандон, шомилшавии ҷавонон бар ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва доир ба дигар қонуншиканиҳо мулоқоту вохуриҳои судманд ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар баробари ин, оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар якҷоягӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ силсила вохуриҳо ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки дар давраи соли таҳсили 2020-2021 дар донишкада ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ, ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар байни ҷавонон, ҳуқуқвайронкунӣ ва зӯроварӣ дар оила нисбат ба занон ва духтарон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо омӯзгорону донишҷӯён вохурӣ доир гардидаанд. Инчунин, аз ҷониби масъулини соҳа, аз ҷумла шуъбаи кор бо ҷавонон, тарбия ва фарҳанг, раиси Шӯрои занони донишкада, бо ҷалби раиси занони кумитаи Раёсати кор бо ҷавонони вилоят доир ба масоили пешгирии падидаҳои номатлуб сабабҳои сар задани он суҳбату вохуриҳо гузаронида мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор дода шуданд. Бо баробари ин, Созмони ҷавонони донишкада, Шӯрои занон ва духтарони донишкада вобаста ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбута амал намуда, дар самтҳои мухталиф корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, илмию маърифатӣ, фарҳангӣ ва оммавию варзиширо роҳандозӣ менамояд.
Барои соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси равоншиносӣ (психология) ҷой барои духтарон ва ҷой барои писарон ҷудо гардида, донишҷӯён тариқи суҳбат ба муассисаҳои таълимӣ қабул карда шудаанд.
Банди 18, зербанди 1. Такмил додани қонунгузорӣ вобаста ба манъи бавоситаи истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон
Дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва баробарҳуқуқии мардону занон соатҳои алоҳида пешбинӣ карда шудааст. Ҳамзамон масъалаи мазкур аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони синфҳои болоӣ дар дарсҳои берун аз синфӣ тавассути соатҳои тарбиявӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, қобилияти азхудкунӣ ва фаҳмиши зеҳнии хонанадагон баланд бардошта мешаванд. Инчунин ба воситаи ташкил ва гузаронидани вохӯриҳо бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои қудратӣ дар муассисаҳои таълимӣ бар роҳ монда шудааст.
Ҷиҳати амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зуроварӣ дар оила» як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, ҷиҳати таъмин намудани баробарии гендерӣ ва барҳам задани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакону наврасон дар оила ва дигар муҳит, инчунин иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тадбирҳои ниҳоят муҳим амалӣ мегардонад. Ин чораҳо ба он равона карда шудаанд, ки ҳар як кӯдаку наврас, шурӯъ аз муассисаҳои томактабӣ ва баъдан дар зинаҳои дигари таҳсил, аз ҳама гуна зӯровариву хушунат эмин бошанд. Масъалаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо, таълиму тарбияи шоиста ва мусоидат ба рушди кӯдакон, дар маҷмӯъ, баробарҳуқуқии кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилотӣ таҳти назорати доимии давлат қарор дорад. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини давлат бартараф кардани ҳама гуна монеаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ба рушди кӯдакону наврасон ба ҳисоб меравад.
Банди 18, зербанди 2. Ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар муассисаҳои нигоҳдории кӯдакон оид ба масъалаҳои манъи истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон
Дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони синф, муовинони тарбиявӣ дар соатҳои тарбиявӣ, сӯҳбату вохӯриҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо намояндагони гуногуни ҷомеа ба роҳ монда шудааст.
Инчунин дар байни мураббиён оид ба пешгирӣ аз хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба тарбиятгирандагон тавсияҳои методӣ манзур гардонида, оид ба масъалаи мазкур дар байни аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ масъалагузорӣ гардид. Ҳайати педагоии муассисаҳои томактабӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати педагогӣ ва хислатҳои фарҳангии волидон корҳои тарғиботиро дар ҳар Шӯрои педагогӣ ва ҷаласаҳои волидайн мунтазам ба роҳ мемонанд
Аз соли 2018 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар асоси нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии хонандагон таълими фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» барои зинаи дуюми таҳсилот (синфҳои 8-9) ва дар зинаи сеюми таҳсилот фанни «Ҳуқуқи инсон» (синфҳои 10-11) ба роҳ монда шудааст, ки дар доираи фанҳои мазкур мавзуҳои дахлдор вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон пешниҳоди хонандагон мегарданд. Дар доираи чорабиниҳо ва соатҳои тарбиявӣ низ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни кӯдакон суҳбатҳо гузаронида мешаванд.
Инчунин ҳар сол ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷониби раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба тарғибу ташвиқи пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон тасдиқ карда шуда, бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ва волидайни онҳо оид ба масъалаи мазкур суҳбатҳо гузаронида мешаванд.
Моҳи ноябри соли 2020 ва моҳи июли соли 2021 аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба масъалаҳои ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон 2 маротиба аз муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ бо мақсади таҳлили шароити нигаҳдории кӯдакон дар онҳо боздид ба амал оварданд. Таҳлилҳои мазкур бо мусоидати намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо (PRI) дар Осиёи Марказӣ дар 4 муассисаи маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ, ки ноболиғон дар онҳо нигоҳ дошта мешаванд (муассиса (колонияи тарбиявӣ)-и ислоҳии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабулгоҳ – таҳвилгоҳи ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон), гузаронида шуд.
Дар ҷараёни таҳлилҳо воситаҳои пешакӣ таҳиягардида, аз ҷумла саволномаҳо барои мусоҳиба бо кӯдакон ва кормандон, инчунин харитаҳои мушоҳида истифода бурда шуданд.
Ҳамагӣ дар давоми таҳлилҳо бо 92 кӯдак ва 57 корманди муассисаҳои номбурда мусоҳиба гузаронида шуда, мушоҳидаи ҳуҷраҳо, қисмҳои тиббӣ, майдонҳои гаштугузор, ҳоҷатхонаҳо ва ҳаммомҳо амалӣ карда шуданд.
Дар маҷмуъ дар муассисаҳои таҳти таҳлил қароргирифта ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо кӯдакон ошкор карда нашуда, шароити зист, таълим ва тарбия дар муассисаҳои таҳлилшуда қонеъкунанда мебошанд.
Бахтовар Сафаров,
мутахассиси маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имлову услуби муаллиф нигоҳ дошта шудааст.
Ин маҷмуа дар чаҳорчӯбаи семинари омӯзишӣ барои мутахассисони бахши робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ дар мавзӯи «Ҳамкорӣ ва такмили маҳорат дар инъикоси масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти чорабиниҳо оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии созмонҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, омода карда шудааст.