Иди Наврӯз муборак!

Дӯстони азиз! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ шуморо бо Наврӯзи оламафрӯз - иди пуршукуҳи баҳор, бедоршавии табиат ва орзуҳои нав табрик мегӯяд!

Наврӯз - Соли нави дунёи шарқист, ки ба баробаршавии шабу рӯзи баҳорӣ рост меояд. Таърихи таҷлили он ба қаъри замонҳо рафта мерасад, аммо ин нукта бетағйир мемонад, ки он иди баҳор, зиндагиву муҳаббат аст ва дар ин рӯз дил мехоҳад ба хонадони шумо оромиву осудагӣ ва воқеаҳои фараҳбахш дар зиндагиятон таманно намояд.

Бигузор қалбҳоятон ҳамеша равшан, хурсанд ва ором бошад! Бигузор зиндагиятон пур аз лаҳзаҳои гуворо бошад ва бароятон танҳову танҳо хабарҳои хуш армуғон орад! Ид муборак!

NoTorture.Tj