Иди Саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кулли мардуми кишварро ба муносибати фарорасии Иди Саиди Фитр муборакбод мегӯяд.

Ба муносибати ин рӯзи фархундаву пурбаракат ба ҳамаи шумо ва аҳли хонадону пайвандонатон зиндагии саршор аз меҳру хурсандӣ ва саодати рӯзгор таманно дорем!

Бигузор дар ин рӯзи муборак ва дигар рӯзҳо баракат аз хонадонатон канда набошад ва тамоми умеду орзуҳоятон ҷомаи амал пӯшанд!

 

 

NoTorture.Tj