Article Pages

Пайвандони Меҳровар Мақсудов, як сарбози тоҷик иддао доранд, ки ӯ аз сӯи ҳамхизматонаш латукӯб шудааст. Аммо масъулони қисми низомӣ мегӯянд, ки ӯ ба бемории "сурхакон" гирифтор шуда ва рӯҳан ба табобат ниёз дорад. Пайвандони Меҳровар Мақсудов, сарбози қисми низомии 02011-и вазорати дифоъ мегӯянд, писарашон мавриди латукӯб қарор гирифта ва ҳамакнун дар Бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ...

25.03.2016 - 13:31

Лӯъбат Бурҳонова, гӯяндаи собиқи телевизиони Тоҷикистон баъди 7 соли марги фарзандаш аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 334 950 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Лӯъбат Бурҳонова , гӯяндаи собиқи телевизиони давлатии Тоҷикистон бо ироаи арзиаи даъвои ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлия 334 950 сомонӣ товон хостааст. Писари ягонаи Лӯъбат...

18.03.2016 - 14:11

Тоҷикистон барои ироаи гузориши солона ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар, омода мешавад. Рӯзи 16 уми март Элизабет да Кошта, гузоришгари СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна вориди Тоҷикистон шуд ва ба гуфтаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳадафи сафараш омодагии Душанбе ба нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали...

18.03.2016 - 13:44

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март  фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳро имзо кард. Даъвати баҳорӣ аз 1 апрел сар мешавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март фармон дар бораи даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ ва ҷавоб додани онҳоеро, ки замони хидматашон ба поён мерасад, имзо кард. Бар асоси ин фармон, даъвати баҳорӣ ба сафи...

15.03.2016 - 13:50

Рӯзи 14-уми март дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор мегардад, ки ба муаррифии натиҷаҳои коркарди дохилии асноди «Тартиби ташкили кӯмаки тиббӣ барои шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта ва маҳбусон» ва «Санади тиббӣ-шаҳодатномавии маҳбусон» мутобиқи талаботи Протоколи Истамбул бахшида мешавад. Мақсад аз баргузории мизи мудаввар муаррифӣ ва баррасии намунаҳои муқаддамотии ин...

12.03.2016 - 09:28

Девид Кэй, гузоришгари махсуси СММ оид ба озодии андеша ва баён ба ҳукуматдорони Тоҷикистон тавсия дод, ки раъйпурсиро дар моҳи май баргузор накунанд, зеро ба гуфтаи ӯ, омодагӣ ба он бидуни муколама ва баррасиҳои зарурӣ сурат мегирад. Аз рӯи натиҷаҳои сафари худ ба Душанбе Девид Кэй зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия ба мушкилоти зиёд боис...

10.03.2016 - 15:35

Волидони Садриддин Тошев (Қорӣ) мегӯянд, мақомоти раёсати зиндонҳо ҳамагӣ як маротиба бо ӯ иҷозаи мулоқот додаанд ва дигар аз сарнавишти фарзандашон хабар надоранд. Волидони Садриддин Тошев (Қорӣ), ки номаш борҳо дар Тоҷикистон расонаӣ шуда буд, мегӯянд, мақомоти раёсати зиндонҳо баъди он ки вай дар моҳи августи соли 2014 қазияи "шиканҷа" шуданашро эълон кард, ҳамагӣ як маротиба иҷозаи мулоқот...

08.03.2016 - 19:56

Як ҷавони раштӣ, ки барои омодагӣ ба маросими издивоҷ ба Душанбе меомад, аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ боздошт ва барои хидматӣ ҳарбӣ ба Хоруғ фиристода шуд. Эмомиддин Холов, сокини 21-солаи деҳаи Ҳойити ноҳияи Рашт моҳи маи соли 2015 дар ҳудуди ноҳияи Синои Душанбе аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ боздошт ва ба хидмати ҳарбӣ интиқол ёфт, аммо хизмати ӯ дар сафи артиш танҳо 12...

04.03.2016 - 10:21

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе чаҳор корманди комиссарияти ҳарбии ноҳияи Синоро барои “хунукназарӣ” дар нисбати як сарбоз, аз 7 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Чаҳор корманди Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт аз сӯи додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе барои "хунукназарӣ" дар нисбати сарбоз Эмомиддин Холов, сокини ноҳияи Рашт, муҷозот шудаанд. Ин афрод Эмомиддин Холовро бо вуҷуди беморияш, ба...

03.03.2016 - 12:14

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзҳои 22-23-юми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳарсолаи худро баргузор намуд, ки дар он намояндагони 11 ташкилоти ҷамъиятӣ - аъзои Эътилоф ва шарикони он иштирок доштанд. Дар вохӯрӣ гузоришҳо аз натоиҷи фаъолияти роҳбари Эътилоф, сардори Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ, Гуруҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, Гуруҳи мусоидат...

24.02.2016 - 19:55

Страницы