Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе чаҳор корманди комиссарияти ҳарбии ноҳияи Синоро барои “хунукназарӣ” дар нисбати як сарбоз, аз 7 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Чаҳор корманди Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт аз сӯи додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе барои "хунукназарӣ" дар нисбати сарбоз Эмомиддин Холов, сокини ноҳияи Рашт, муҷозот шудаанд. Ин афрод Эмомиддин Холовро бо вуҷуди беморияш, ба хизмати сарбозӣ фиристодаанд.
Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи созмони ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", ки аз ҳуқуқи сарбози собиқи қисми ҳарбии Хоруғ Эмомиддин Холов ҳимоят мекунад, рӯзи 3 март ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе раиси комиссияи тиббии комиссирияти ҳарбии ноҳияи Сино Абдукарим Толибов, пизишки ҳамин комиссия Матлуба Самадова, раиси шӯъбачаи комиссарияти ҳарбии ноҳияи Сино Алло Аллохуҷаев ва ёрдамчии комиссирияти ҳарбии ноҳияи Сино Муродалӣ Сафаровро муҷозот намуд ва ҳамаи онҳоро ҷарима баст.
Вай афзуд, додгоҳи ҳарбӣ барои “хунукназарӣ” дар нисбати сарбоз Эмомиддин Холов, ки бо вуҷуди бемор буданаш ӯро ба хизмати ҳарбӣ фиристоданд, ба ду корманди комиссирияти ҳарбӣ --Алло Аллохуҷаев ва Муродалӣ Сафаров ба маблағи 10 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима таъин кард.
Раиси комиссияи тиббии комиссирияти ҳарбии ноҳияи Сино Абдукарим Толибов 7 500 сомонӣ ва пизишки ҳамин комиссия Матлуба Самадова 7 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда ва ҳар ду то ду сол аз фаъолият дар ин соҳа маҳрум карда шуданд. Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, баъд аз ошкор шудани муносибати хунукназаронаи кормандони комиссарият, Алло Аллохуҷаев, раиси шӯъбачаи комисирияти ҳарбии ноҳияи Сино аз кор ронда шудааст.
Вакили мудофеъ мегӯяд, ҳоло ҳукми додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе дар Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ баррасӣ мешавад ва имкон дорад бо назардошти сабук будани ҷазо дар нисбати 4 корманди комиссарияти ҳарбӣ, онҳо ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.
Насриддин Холов, бародари Эмомиддин Холов мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд, зеро ин афрод бо пардохти ҷарима раҳо мешаванд, вале "ҳаёти бародарам сӯхтааст ва гурдаҳояш тақрибан аз кор мондаанд ва наметавонад озодона роҳ гардад". Ба гуфтаи Насриддин Холов, бародараш дар беморхонаи "Шаҳраки тиббӣ" маъруф ба "Медгород" бистарӣ аст ва талош доранд гурдаҳояшро иваз кунанд, вале мушкили молӣ ба ин имкон намедиҳад.
Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе муҳокимаи 4 корманди Комиссияи қабули ҷавонон ба сафи артиши ноҳияи Синои пойтахтро рӯзи гузашта оғоз карда буд. Додситонии ҳарбии шаҳри Душанбе алайҳи онҳо бо моддаи 322 “Хунукназарӣ, яъне "иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои худ аз ҷониби шахси мансабдор дар натиҷаи муносибати беинсофона ё бепарвоёна ба хизмат, агар ин боиси ба таври ҷиддӣ поймол кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё ташкилот ё манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи ҷамъият ё давлат гашта бошад”, парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.
Онҳо Эмомидин Холовро тирамоҳи соли 2015 бо вуҷуди бемории гурдаҳояш саломат нишон дода ба хизмати артиш фиристоданд. Вай дар қисми ҳарбии Бадахшон хизмат мекард ва бар асари сардии ҳаво дарди гурда шадид шуда ва ду моҳ дар беморхонаи Хоруғ бистарӣ шуд ва баъдан ба Душанбе интиқол ёфт.